Кормандони милиса дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба аёдати иштирокчии ҶБВ Маҳмадулло Сафарови 100-сола рафтанд

Май 7, 2020 11:04

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  ба аёдати  иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқ корманди мақомоти  корҳои дохилӣ Маҳмадулло Сафаров рафта, бо худ  маҳсулоти хӯрока  дастовез бурда,  ба ӯ кӯмаки молӣ расониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.

«Иқдоми мазкур  дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  дар арафаи таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) сурат гирифта, кормандони милиса  ба  Маҳмадулло Сафаров пайғому табрикоти Вазири корҳои дохилиро расонида,  аз аҳволи иҷтимоии номбурда  хабардор гардиданд «,- зикр кард  манбаъ.

Маҳмадулло Сафаров, ки имсол 100-умин баҳори умри хешро пешвоз мегирад, бо чеҳраи болида ва рӯҳияи баланд дар арафаи Иди Ғалаба табрикотро пазируфта, аз роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагии осоиштаю хуррамона бурда, аз ғамхориҳою парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдорем.

 

Май 7, 2020 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд