КУМАКИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН. Ба зарардидагони офати табиии давлати ҳамсоя масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд

Май 20, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  20 май кумаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Кумаки дӯстонаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон расониданд.

Кумаки мазкур аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дар бар мегирад.

Муовини Раиси вилояти Суғд  Анвар Яъқубӣ ин иқдоми дӯстонаро баёнгари рӯҳияи баланд ва неки мардуми ду давлати бо ҳам дӯст ва нишонаи возеҳи шарикии стратегии ин ду кишвар арзёбӣ намуд.

Кумаки дӯстона баҳри бартараф намудани оқибати офати табиӣ, ки дар натиҷаи он обанбори Сардобини вилояти Сирдарё канда шуда, хисороти зиёд ба бор оварда буд, равона мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистонро баён дошта буданд.

Май 20, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»