«Меҳри модар»-и Дарвоз ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизатӣ барои табибон шурӯъ кард

Май 2, 2020 10:17

ХОРУҒ, 02.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз аз даҳаи сеюми моҳи март бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии  бемории КОВИД-19 ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либоси муҳофизатӣ барои табибон  шурӯъ кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Бино ба иттилои ӯ, то имрӯз зиёда аз 35 ҳазор ниқоб истеҳсол намудааст. 15 ҳазор ниқобро бо супориши раиси вилоят ба  муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва сокинони ноҳияҳои  вилоят тақдим кард. Дар маҷмӯъ корхонаи мазкур  истеҳсоли 800 адад либосҳои муҳофизатиро бар уҳда гирифтааст.

Муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз Ҳаким Давлтазода ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки бо дархости сокинони шаҳри Душанбе коргарони корхонаи мазкур 200 ҳазор ниқоби тиббӣ ва ҳазор либоси муҳофизатиро дӯхта, рӯзҳои наздик ба пойтахти ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд.

Май 2, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд