Мудири бемористони «Ибни Сино»: КОВИД-19 аз Тоҷикистон зуд меравад

Май 1, 2020 11:18

ДУШАНБЕ, 01.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии сироят ва паҳншавии коронавирус расман эълом дошт, ки дар ҷумҳурӣ 15 нафар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудааст. Вазорат ба сокинони мамлакат тавсия додааст, ки барои эмин мондан аз вирус ниқоб пӯшанд ва дигар қоидаҳои санитарии шахсиро риоя намяонд. Дар навбати худ, табибон мегӯянд, аз эълон дар бораи сирояти вирус мардум набояд ба воҳима дода шаванд.

Мудири Бемористони байналмилалии «Ибни Сино» Абдухалил Холиқзода (ДАР АКС) 30 апрел дар суҳбат бо хабарнигори Радиои «Озодӣ» изҳор доштааст, ки КОВИД-19  беморие нест, ки ҳама аз он бимирад ва аксари мардум онро мисли зукоми маъмулӣ пушти сар мекунанд. Холиқзода, ки 11 сол боз мудири ин бемористони хусусӣ аст, гуфтааст, ки мардум бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ метавонанд давоми ду-се моҳ аз коронавирус халос шаванд.

«Аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал низ сартосар кушанда нест», — иброз додштааст ӯ.

Бо эълон шудани хабари расмии мавҷудияти коронавирус бархеҳо мепурсанд, ки Тоҷикистон ин буҳронро чигуна паси сар мекунад? Оё ҳукумат карантин эълон мекунад ё не?

Абдухалил Холиқзода  мегӯяд, агар мардум қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, ба воҳима дода нашаванд, Тоҷикистон ин бемориро давоми ду-се моҳ паси сар мекунад. Ба таъкиди Холиқзода, «ҳадди аксар ин беморӣ ду-се моҳ давом мекунад ва ду-се моҳ пас ҳама чиз ба ҳолати маъмулӣ бармегардад. Ин беморӣ дурудароз ҳам давом намекунад. Испониёву Итолиё дар як-якуним моҳ ин бемориро гузаштанд, ҷойи воҳима надорад».

Май 1, 2020 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид