Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ шинос шуд

Май 6, 2020 12:20

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо ҳамроҳии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти як зумра  дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ шинос гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар  Суғд як зумра ширкатҳое фаъолият мебаранд, ки маводи дорувориро вориди бозорҳои вилоят менамоянд. Яке аз чунин ширкатҳои фаъол ҶДММ «Азия Фарм» мебошад, ки айни замон дар анборҳои он миқдори зиёди доруворӣ захира карда шудааст. Дар аснои боздид аз ширкати мазкур таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар вилоят садҳо нуқтаҳои фурӯши доруворӣ фаъолият дорад ва сокинон аз хизматрасонии онҳо истифода менамоянд.

Раиси вилоят бо назардошти вазъи мавҷуда таъкид кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фаъолияти дорухонаҳо таҳти назорати масъулин қарор  дорад.

Зикр гардид, ки барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси COVID-19 лавозимоти зарурии тиббӣ ва маводи доруворӣ захира гардида, дар сурати лозимӣ иловатан аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доруҳо харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба Раёсати тандурустии вилоят дастур дода шуд, ки фаъолияти дорухонаҳои ҳудуди вилоятро назорат намуда, аз ба таври сунъӣ боло бурдани бархе номгӯи доруҳо сари вақт пешгирӣ карда шавад.

Сипас муовини Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят аз ҶДММ «Дурахшон Бӯстон» боздид намуданд. Дар ин корхонаи саноатӣ, ки ба истеҳсоли қоғази ташноб ва салфеткаҳо машғул аст, даҳҳо нафар кор мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Ширин Исматуллозода зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва тибқи талаботи бозор истеҳсол намудани он  ба масъулини корхона тавсияҳои муфид доданд.

Май 6, 2020 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»