ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Май 19, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани жола низ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва  рӯзона 14+19  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  тағйирёбанда шуда,  рӯзона эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Май 19, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид