Ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон ва олимпиадаҳои номӣ муайян шуданд

Май 1, 2020 09:49

ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олимпиадаҳои номӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе соҳиби 119 ҷойи ифтихорӣ — 26 медали тилло, 30 медали нуқра ва 63 медали биринҷӣ, вилояти Суғд 99 ҷойи ифтихорӣ15 медали тилло, 30 медали нуқра ва 54 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон 81 ҷойи ифтихорӣ8 медали тилло, 24 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32 ҷойи ифтихорӣ4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ ва ВМКБ 13 ҷойи ифтихорӣ3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Даври ҷумҳуриявӣ рӯзҳои 18 ва 19 апрели соли равон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мавриди зикр аст, ки олимпиадаи мазкур дар худи макарзҳои вилоят баргузор гардид. Яъне барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» ва барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» ба хотири ҷилвагири ва сироят наётани муҳаасилин ба бемории сирояти коронавирус баргузор гардиданд, ки натиҷаи онро дар Маркази милли тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Ба гуфтаи масъулони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даври номии олимпиадаи мазкур ба он хорит гузаронида шуд, ки ба хатмкунандагоне, ки дар олимпида иштирок намудаву ҷойҳои намоянро ба даст меоранд, имтиёзҳо муқаррар гардидааст.

Тибқи низомномаи олимпиадаҳои мазкур ғолибоне, ки соҳиби Дипломи дараҷаи 1, 2, 3, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд, барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос мутаносибан соҳиби 100, 75 ва 50 бал иловагӣ гардиданд.

Ҳамчунин иштирокчиёне, ки дар даври чоруми Олимпиада аз 90 то 100 холро ба даст меоранд, сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо туҳфа, медал, «Дипломи дараҷаи 1» ва «Тавсиянома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисоси соҳаи омӯзгорӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар олимпиадаҳои мазкур аз рӯи 13 фанни таълимӣ, 945 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат иштирок намуда, 344 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ — 53 медали тилло, 92 медали нуқра ва 198 медали биринҷӣ гардиданд.

Май 1, 2020 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд