Саидмукаррам Абдуқодирзода: «Дуо мағзи ибодат аст. Аз ин рӯ дуо мекунем, ки Худованд ин балову офатро аз сари мо бардорад»

Май 12, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ», ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.

Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф оид ба ин даъват зикр намуд, ки ҳар инсон- хоҳ  пир бошад, хоҳ ҷавон, мард ё зан, вақте даст бардошта, ба Парвардигораш муноҷот, наҷвову дуо мегӯяд, як қувваи маънавие дар ботинаш ба вуҷуд меояд, ки ман кореро анҷом додам, бо Парвардигорам розу ниёз гуфтам ва Парвардигори ман ҳозир ба ҳама кор ҳаст.

«Барои ҳамин мегӯянд, ки агар Худо нигоҳ бидорад, ҳеҷ бало нест. Агар Худо нигоҳ надорад, ҳеҷ даво нест.  Имрӯзҳо бояд хусусан солхӯрдаҳои мо дар мамлакати азизамон, чӣ марду чӣ зан ҳамеша даст ба дуо ба сӯи Парвардигор бардоранд. Хусусан дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи иҷобати дуо, моҳи покшавӣ аз гуноҳ ва  даҳаи мағфират аст, бояд ин фурсатро ғанимат бидонем. Ҳамон лаҳзае, ки эълон карданд, ҳатман  мо ба умеди Парвардигор бо як қалбҳои ғамгин, ки хеле дар як вазъияти ногувор қарор дорем, бо қалбҳои ботавозуъ ва мутазарриъона, бо зораву гиря ба Парвардигор даст бардорем, то ки ин офатро  аз сари мо бардорад», — мегӯяд муфтӣ.

Ба зикри Саидмукаррам Абдуқодирзода,  «ҳамаи ин пастиву баландиҳои зиндагӣ ба хотири имтиҳон гирифтани бандагон аст. Мо бояд ҳамчун мусалмони боимону боақида, ҳамчун миллати бофарҳангу бомаърифат барои оромиву ободӣ, пешравии давлату миллати худ ва барои саодати миллат ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, бояд дар ин ҳолат анҷом дода, ҳеҷ чизро дареғ надорем ва ҳаргиз ноумед низ набошем.

Тавре ки мегӯянд, «ноумед шайтон аст». Ба сӯи Парвардигор дасти умед боло кунем, зеро Худованд ҳеҷ умедвореро ноумед намекунад. Аз ин рӯ ин иқдоми пешгирифтаи Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ» хеле хуб аст ва мо онро пурра дастгирӣ намуда, ҳама ходимони динро аз ин огоҳ мекунем  ва дар вақти муайян мо ин корҳоро ба хотири Парвардигор анҷом медиҳем ва Парвардигор низ ҳозиру тавоноии мутлақи доимоабад аст».

Модоме, ки ин даъват барои дуо, барои бартараф шудани ин балову вабо, офату зарару хатар шудааст, мо ҳама мардуми мусалмон, хусусан ходимони дин инро бо ҷону дил қабул дорем ва ҳар кадоме дар муҳити худ бо шароиту имконияти худ, бо дарназардошти вазъияти худ ҳатмӣ дар он шарик шуда, дуо мекунем. То Худованд ин зарару балоро аз сари инсоният бардорад. Тавре ҳакиме гуфтааст: «Дуо балоҳоро бартараф мекунад». Пайғамбар (а.с) мегӯяд, ки «ин дуо мағзи ибодат аст ва ин дуо бартарафкунандаи тамоми офату зиёну зарар аст».

Май 12, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»