Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Ковид-19 арзиши маводи тиббӣ дар дорухонаҳоро баррасӣ намуд

Май 7, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2020. /АМИТ “Ховар”/.  Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 Қоҳир Расулзода  ҷаласаи навбатии  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 баргузор  гардид.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо назардошти афзун гардидани шумораи гирифторони бемории сироятии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон ва Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва риояи гигиенаи шахсию тавсияи мутахассисонро зарур шуморид.

Ҳамчунин дар ҷаласа ҷиҳати ба танзим даровардани арзиши маводи тиббӣ дар дорухонаҳо, пешгирии харидуфурўши ғайриқонунии доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ, назорати пайвастаи ниҳодҳои дахлдор дар ин самт, истифодаи ҳатмии ниқоб, бе зарурат набаромадан аз манзили зист, фароҳам овардани шароит барои ба муоилиҷа фаро гирифтани беморон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки новобаста аз он, ки барои муолиҷаи беморон имконият вуҷуд дорад, сокинонро мебояд ба хабару овозаҳои бардуруғ дода нашуда, ба таҳлука наафтанд,  худсарона ба истеъмоли маводи гуногуни доруворӣ даст назананд ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман бо телефонҳои боварӣ ба табибон ва мутахассисон муроҷиат намоянд.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 ва муолиҷаи беморон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19  ба таври шабонарўзӣ фаъолият доранд.

Май 7, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ