Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд

Май 28, 2020 09:39

 ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони www.ctd.tj (Committee Tourism Development) мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат барои фаро гирифтани маълумоти зарурӣ дар бахши сайёҳӣ ва фаъолияти Кумита сомонаи Кумита зери унвони www.ctd.tj (Committee Tourism Development) мавриди истифода қарор дода шуд», — иброз доштанд масъулини Кумита.

Почтаи электронии сомона низ таҳти унвони info@ctd.tj фаъол гардонида шуда, хоҳишмандон метавонанд тариқи имейли мазкур таклифу пешниҳодҳои худро ирсол намоянд.

Зимни таҳияи сомона қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет, ки бо қарори дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ба инобат гирифта шуданд. Ҳамчунин шакли мобилии сомона низ қобили дастрас мебошад.

Бо назардошти таҷрибаи сомонаҳои кишварҳои дар самти сайёҳӣ пешрафта тарҳу муҳтавои сомонаи мазкур мавриди такмил қарор дода мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки аз ҷониби Кумита аз соли 2017 инҷониб бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат портали миллии сайёҳӣ зери www.traveltajikistan.tj бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, испанӣ, японӣ ва франсузӣ дар шабакаи интернет фаъол буда, истиноди портали мазкур қариб дар ҳама сомонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат  ҷой дода шудааст.

Дар баробари ин, рубрика ё равзанаҳои алоҳида дар самти сайёҳӣ дар шабакаҳои телевизион ва радио, рўзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудааст.

ВАО-и чопию электронӣ яке аз воситаҳои қавии муаррифии мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбанд.

Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои табиати беҳамто мебошад, ба таври шоиста муаррифӣ намудани он тариқи ВАО дар арсаи байналамилалӣ барои рушди соҳа ва ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад. Дарвоқеъ, дар Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда аз ҳар яки мо масъулияти бештар тақозо менамояд.

Май 28, 2020 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд