ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 май, шанбе, 137-умин рӯзи соли 2020 аст

Май 16, 2020 08:00

16 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 16 майи соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи 13 майи ҳамон сол зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

16 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи биографҳо.

РӮЙДОДҲО:

16 майи соли 2012 муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мулоқоти хосаи дуҷонибаи Сарони ҳарду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муҳокима гардид.

***

16 майи соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр  партофта, медали тилло ба даст овард.

***

7 сол пеш, 16 майи соли 2013 масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ  дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

***

16 майи соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии «Авеню» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот карданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Фазои фарҳангии Роҳи Абрешим ва Осиёи Марказӣ» доир шуд.

***

Соли 1929 аввалин бор дар ҳотели «Roosevelt» дар Ҳолливуд (ИМА) маросими супоридани Ҷоизаи ҳоло машҳури «Оскар» доир гардид. Ин маросим ҳамагӣ 15 дақиқа давом карда, дар он тақрибан 250 нафар ширкат намуданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 16, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш