ТАБИБИ МО БА ҒАЙР АЗ МО КАСЕ НЕСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти Сovid-19

Май 10, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 10.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон инсоният бо марг мубориза мебарад. Ин мубориза ҳанӯз нобаробар аст. Зеро агар силоҳи марг вируси навбаромад: Сovid — 19 бошад, инсоният  ҳанӯз ба муқобили  он силоҳе таъсиргузор дар даст надорад. Инсон дар набард бо ин душмани нобаҳаҳангом фақат як сипар дорад ва сипари ӯ  ҳоло танҳо эҳтиёт ва озодагиву покист. Худи ҳолат, худи вазъият талаб мекунад, ки инсонҳо меъёрҳои мавҷудаи ҳастии худро дар муносибатҳои байниҳамдигар, дар сиёсат, муносибатҳои байналмиллалӣ ва дар тамоми самтҳои ҷаҳонӣ тағйир диҳанд. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ “Ховар” Камол НАСРУЛЛО. Дар идома шоир андешаҳояшро чунин баён медорад:

— Хатар ба инсоният во медорад, ки инсоният дар ҳар куҷое набошад ба муқобили душмани худ муттаҳид шавад ва рӯ ба ягонагӣ орад. Эътироф кунад, ки одамизод, ҷаъми одамизод, новобаста ба миллату меҳан ва қавму нажод дар як хона – сайёраи Замин зиндагӣ мекунад. Ва дар ин маврид дару деворе наметавонад инсонҳоро аз ҳам ҷудо нигаҳ дорад. зеро ҳама аз як ҳаво  нафас мекашанду дар зери як фалаканд. Аз ин рӯ бо ҳам будан, дӯстӣ ва муҳаббату хайрхоҳиро меъёри ягонаи ҳастӣ шинохтан тақозои худи Вақт ва Замон аст.

Аммо алҳол вирус бебокона таҷовуз ба зиндагиву рӯзгори инсоҳо дорад. Пас чӣ бояд кард? Ақлҳои кулли олам аз пайи ҷустуҷӯи посух ба ин саволанд.

Дар чунин мавриди ҳассоси таърихии инсоният, инсонҳо, аз ҷумла, ба таърих ва таҷрибаҳои гузаштагон  низ рӯ  меоранд. Зеро бори аввал нест, ки фоҷиаҳои чунин кушанда ва фарогир бар сари инсоният меоянд. Аз ҷумла, имрӯзҳо аз бемории вабое, дар асрҳои миёна рӯи заминро фаро гирифта буд ёдовар мешаванд.

Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино шояд аз аввалинҳост, ки дар мубориза ба муқобили вирусҳои хатарнок ва кушанда ҳамчун олим ва табиб корҳои шоиста кардаву муваффақ шудааст.

Шайхурраис Сино ҳангоми ҳиҷрати худ аз Бухоро дар он замони пурошӯбу ноамн, вақте ки бо шогирди худ Ҷузҷонӣ ҳамроҳи корвоне ба Хоразм наздик омада буд, диданд, ки мардум ҳама дар роҳи фирор аз Хоразм афтодаанд. Воқиф мегарданд, ки Хоразмро бемории шадиди вабо фаро гирифта, инсонҳоро ба коми марг мекашад. Корвониён зуд аз роҳ бармегарданд, аммо Сино баръакс, бо шунидани ин хабар, бошитобтар рӯ ба Хоразм меоварад. Ҳатто шогирдаш,ки аввал аз ҳароси вабо аз роҳ бармегардад, аммо баъдан бозгашта ба устодаш мепайвандад.

Дидор ва мулоқоти Сино дар Хоразм аввал бо олими бузурги дигар Абӯрайҳони Берунӣ сурат мегирад. Қисса кӯтоҳ, Абӯалӣ Сино фавран дар андешидани чораҳо барои рафъ ва муолиҷаи вабо мешавад ва  пешниҳод мекунад, ки бояд фавран дар шаҳр ба истилоҳи имрӯза карантин эълон кард ва гирифторонро дар гӯшае ҷудо аз дигарон ҷамъ оварда, ба муолиҷаи онҳо пардохт, то боқимондаҳоро низ гирифтор насозанд. Аммо барои амалӣ намудани ин мақсад, бояд раставу бозорҳо ва хусусан масчидҳоро бубаст. Берунӣ меандешад, ки ин кор номумкин аст, зеро муллоҳои мутаассиб ҳаргиз нахоҳанд гузошт, ки масчидҳо баста шаванду мардум муддате аз хонаҳо берун набароянд.  Ин ҷо ҳам боз заковату донишмандии Шайхурраис ба мадад мерасадва чун ӯ огоҳ буд, ки фардо рӯзи гирифтани офтоб аст ва дақиқаву соати гирифтани офтобро медонист, ба мутаассибону муллоёни башӯромада огоҳӣ дод, ки агар онҳо гуфтаи ӯро иҷро накунанд, ӯ офтобро мепӯшонаду дунё зулматистон мешавад.  Мардумро дар ҳамон соате ҷамъ оварданд, ки чанде пас бояд офтоб гирифта шавад.  Хушбахтона, Сино хато намекунад ва пас аз эълони ӯ воқеан офтоб пайваста ба зулмот фурӯ меравад ва муллову муттассибони ба шӯромада, ки ҳозир буданд, шайхурраисро пора кунанд аз бими қиёмат гурехтаву пароканда мешаванд. Ба ин васила Ибни Сино дар Хоразм карантин ҷорӣ кард ва беморонро ба мавзее алоҳида оварда хобонд ва бо шогирд ва тарафдоронаш ба муолиҷаи беморон пардохт. Онҳое, ки мефавтитанд ҷасадашон сӯхта мешуд ва бо ҷоннисориҳои Сино таҳи чанд моҳ боқимондаҳо шифо ва наҷот ёфтанд.

Ин ҳодисаро устод Сотим Улуғзода дар сенарияе, ки барои филм дар бораи Сино навишта буданд, ворид намуданд ва дар он филм ин манзараҳо хеле ҳассосу таъсирбахш  ба навор гирифта шудааст.

Аз ин ҳодисаи таърихӣ чанд бардоше пандомез метавон кард ва нахустинаш садоқати табиб ба расолати худ мебошад, ки имрӯз дар ин замони ҳамшабеҳи он даврон метавонад намунаи ибрати шогирдон ва пайравони имрӯзаи Сино бошад. Яъне бо ҷасорат, ҷоннисорона иҷро кардани вазифа ва расолати худ ҳамчун табиб, содиқ мондан ба қасами муқаддаси ин пешаи шариф, шитофтан ба наҷоти одамон, новобаста ба хатаре, ки таҳдид ба ҷони худи табиб дорад.

Дигар нуқта ин аст, ки Сино аввалин табибе буд,ки дар ин қаламрав барои пешгирии бемориҳои гузаранда карантинро ҷорӣ кард,ки то имрӯз тибби муосир аз он истифода мебарад. Ва бисёр падидаҳои дигари муқобили вирусҳои гузаранда, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ, тозагӣ ва озодагӣ, гузоштани ҳадд байни бемору одами солим ва хусусан истифодаи ниқобҳо эҷоди Шайхурраис дар ин сарзамин будааст.

Падидаи дигар, бидуни шубҳа ҷасорат ва ҷоннисории Шайхурраис аст, ки низ намунаи ибрат барои ҳама табибон аст.

Ва оқибат дониши фавқулодаи Абӯалӣ Сино таҷрибаҳои беҳисоби илмии ӯ, ки заминаҳои мустаҳками тибби ҷаҳонӣ гардиданд. Ва мо тоҷикон ифтихори миллӣ аз он мекунем, ки ин абармарди олами илм ва тиб мансуб ба миллати барӯманди мост, ҳарчанд имрӯз ӯ фарзанди тамоми башарият маҳсуб меёбад.

Вобаста ба мавзӯъе, ки мавриди сӯҳбати мо қарор дорад, бозгаште мекунем ба воқеияти рӯз. Имрӯз беморие шабеҳи ҳамон вабо, балки борҳо хатарноку гаронтар аз он, таҳдид ба инсоният дошта, Тоҷикистони азизи моро ҳам пайваста фаро мегирад. Аслан бемориҳое шабеҳи грипп (зукком) бо вирусҳои хатарангези худ барои инсоният падидаи нав нестанд. Аммо солҳои охир  ин вирусҳо  бо сифату хусусияҳои наву наомӯхта ҳарчи бештар зуҳур мекунанд ва бо намудҳои нав ба нави хатарзо меоянд. Ба  ҳадде, ки то омӯхтани хусуиятҳои он ва ёфтани давояш инсонҳои зиёде мефавтанд.  Коронавирус ғояти шадидтарин ва ғайриинтизори ин вирусҳост. Аз ин рӯ инсон бояд барои ёфтани дармонҳои ин бемориҳои нобаҳангом ҳамеша омода бошад. Ба ин сабаб илми тибби мо, хусусан ворисони Синои бузург, бояд минбаъд пешакӣ омодагиҳо барои қабули чунин зуҳуроти барои инсоният хатаровар дошта бошанд. Гумон мекунам, коронавирус сабақе додааст, ки минбаъд таконе ба соҳаи илми тиб дар олам ва дар кишвари мо низ хоҳад дод. Аммо имрӯз мо рӯ ба рӯ бо ин вабои аср, ба ғайр аз пажӯҳишу тадқиқоти илмӣ, чӣ чораҳо бояд андешем? Банда мехоҳам чанд андешаи худро иброз дорам, ки аслан нав нест, аммо инҳо андешаҳое ҳастанд, ки гашаву баргашта ба таъкиду такрор ниёз доранд.

Аввалан, табиби мо ба ғайр аз мо касе нест, ба он маънӣ, ки табиби нахустинамон эҳтиёткорӣ,  риоя кардани тамоми дастурҳоест, ки ба муқобили гирифторӣ ба вирусҳо имрӯз муайян гардидаанд.

Дуюм, танҳо одами нотарс, ҳушёр, бовар дошта ба худ метавонад бо назари солим амал кунад ва худро эмин дорад. Одами тарсу худ аллакай бемор аст, зеро тарс инсонро пахш мекунад, заиф ва бефаолият мегардонад. Одами тарсу зиракиро аз даст медиҳад ва ба навмедӣ гирифтор мешавд. Ин ҳолатест, ки худ бемориро суроғ карда меорад. Яъне тарс ҳаргиз шарики боэътимод нест ва бояд аз он худро, чун аз як вируси бедавои дигар, дур гирифт.

Дар ҳамин росто як чизи хеле  муҳим дода нашудан ба ҳарос ва воҳимаҳоест, ки ҳамеша бар зиёни коранд ва як мушкилро метавонанд сад мушкил гардонанд.  Мутаассифона, вирусҳои дигаре ҳастанд, мисли: тарсу воҳима, ҳирсу ҳангомаҳои беасос, ки хатари бештаре доранд. Хусусан ҳирси ҳама чизро харидану захира кардан. Захираҳо ягон касро аз беморӣ наҷот намедиҳанд, балки ҳароси онҳо дар ҷомеа мушилоти нобударо рӯ мезанонанд. Ин ҳангомаҳо дар оғоз мардуми моро ба таҳлука андохта бозору мағозаҳоро аз маводҳоиниёзи аввал тиҳӣ гардониданд. Хушбахтона, Ҳукумати Тоҷикистон тавонист ба мардум фаҳмонад ва пеши роҳи ин воҳимаҳоро  бигирад, вагарна вазъияти бе ин ҳам мураккаб боз ҳам мураккабтар мегардид. Эй вой бар мо, агар вируси тарсу воҳима бо вируси Сovid – 19 ба ҳам омезанд. Оқибати фоҷиаборе ба сар хоҳад омад.

Шарти дигар ва шояд аз ҳама асосӣ тозагиву озодагист, ҳам ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ. Ҷисмонӣ, барои он ки вирус худ ҷисми зинда аст ва ба муқобили он танҳо ҷисми тавоно ва дастнорас ба вирус метавонад истодагарӣ кунад. Яъне  ҷисми мо онро ин ҷисми заҳролудро бояд ба худ роҳнадиҳад. Рӯҳонӣ, барои он ки покии ботинӣ, тозагии рӯҳӣ низ ҳамеша инсонро аз ҳамагуна балоҳо ҳифз мекунанд.

Ҷойи шубҳаву тардид нест, ки ниқоб ва дастпӯшакҳо низ гирандаву дорандаипеши роҳи вирусҳоянд.

Тоза доштани ҳаво аз вирусҳои эҳтимолӣ тавассути дуди ҳазориспанд, ки кушандаи вирусҳо дар ҳавост; гузоштани пиёзи тозаву поракардашуда дар хона ва гирду атроф, ки хусусияти дар худ ҷафидану куштани микробҳоро дорад;истеъмоли сирпиёз , ки низ хусусият микробкушӣ дорад ва  вирусҳоро дар ботин нобуд месозад; пайваста бо намакоб тоза кардани гулӯ тавассути ғар-ғара, ки кушандаи вирусҳост, аз чораҳои оҷили гирифтор нашудан ба ин вабои навбаромаданд.

Дар охир парҳез кардан аз наздикшавӣ ба ҷойҳои серодам, дур гаштан аз ҳамдигар, худдортӣ аз оғӯшу саломҳои дастакӣ  ва ҳаддалимкон аз хона набаромадан, инҳо таъбирҳое мебошанд, ки табибон имрӯзҳо пайваста такрор ба такрор маслиҳат медиҳанду риояи онҳо ҳатмӣ ва ногузир аст.

Ба маврид аст, гӯем, ки иқдомҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси пойтахтамон Рустами Эмомалӣ дар мавриди дастгирӣ ва кӯмакҳо ба камбизоатон, ятимону пирони барҷомонда дар ин рӯзҳои  барои мардум гарон, кӯмаку дастгирӣ аз ҷониби ҳукумат табибонеро, ки шабурӯз ҷоннисорона ба муолиҷаи коронавирус машғуланд, хеле бамавриду шоиста аст.

Ҳазорон шукр ва сипосгузории беҳад ба ҳама он соҳибкорон ва ҷавонмардоне, ки дар ин рӯзҳои гарон дасти ёрӣ ба ҳоҷатмандон дароз кардаанд. Мардуми мӯҳтоҷро бо орду рӯған ва дигар маводҳои мавриди ниёзи аввал аз ҳисоби худ ҳадалимкон таъмин менамоянд.

Боз як иқдоми умедбахш ин аст, ки бо ташаббуси раиси пойтахтамон илова ба беморхонаву шифохонаҳое, ки имрӯзҳо дар хидмати беморони гирифтори бемории коронавирус ҳастанд, як бинои баландошёни нав дар пойтахт бо ҳама шароитҳои қабулу муолиҷа ва мутахассисону табибони ҳозиқ ба истифода супурда хоҳад шуд.

Дар охир ҳаминро мехоҳам таъкид кунам, ки миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик тӯли таърихи дарозу гарони худ ҳамеша аз чунин имтиҳонҳои тақдир сарфароз гузаштааст ва мо аминем, кибоз ҳам бо шоистагӣ ин балоҳои нобаҳангомро пушти  сар хоҳад кард, зеро ҷавонмардӣ, покбунёдиву озодаманишӣ, сиришти неки халқамон ҳамеша сипари баэътимоди миллат ва кишвари азизи мо будаасту хоҳад буд.

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Май 10, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»