БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат 3 нафар аз оилаҳои ятим ва имконияташон маҳдуд бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда шуданд

Май 8, 2020 14:11

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастгирии Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси соҳибкор, узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба 3 нафар аз оилаҳои ятим ва дорои маъюбият, аз ҷумла   Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам дар бинои навсохти замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ 50/51-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  хонаҳои барҳаво ва дорои тамоми шароити муосир тақдим карда шуданд.

Зимни супордани хонаҳо соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки имрӯз нафарони камбизоат, бесарпараст ва маъюб танҳо нестанд ва онҳо зери сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Тавре зимни  суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Иброҳим Мирзозода иброз дошт, иқдоми мазкур дар доираи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки солҳои 2020-2025-ро дарбар мегирад,  роҳандозӣ шудааст. Амали соҳибкор Маҳмудҷон Муродов боиси таҳсин ва дастгирӣ мебошад.

«Пешвои миллат бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон сухан карда, иброз намуданд, ки  соҳибкорони муваффақе, ки дар кишвар ба бунёдкориву созандагӣ машғуланд ва имкониятҳои хуби молиявӣ доранд, ба табақаи ниёзманди аҳолӣ дасти ёрӣ дароз намоянд»,- гуфт Иброҳим Мирзозода.

Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иброз дошт, ки имрӯз соҳибкорони муваффақи пойтахт  дар партави дастуру супоришҳои  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолияти созандагию ободкориро дар шароити муосир рӯи кор гирифтаанд ва дар ин замина саҳми худро дар пешрафти кишварамон  мегузоранд.

Раъно Раҳимова модари 4 фарзанд аст, ки 3 нафари онҳо маъюб мебошанд. Ӯ бо ашки шодӣ миннатдории худро  чунин баён намуд: «Солҳои зиёд ман бо фарзандони маъюбам бесарпаноҳ будем ва имрӯз бо дасгириҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва соҳибкор Маҳмудҷон Муродов  соҳиби хонаи худ шудем».

Май 8, 2020 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад