ОИЛА – АРЗИШИ ОЛИИ ҶОМЕА. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии ин ниҳоди муқаддас

Май 15, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст.

Дар робита ба ин рӯз Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ирсоли муроҷиатномае тамоми ҳамватанонро бо ин рӯз табрик намудааст. Дар он, аз ҷумла омадааст:

«Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки “давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Заҳмату кўшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.

Аз ин рў, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро  паҳншавии бемории сироятии коронавирус нигарон кардааст, мебояд беш аз ҳарвақта ба саломатии худ ва аъзои хонаводаи худ аҳамияти ҷиддӣ дода, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем. Дастури мутахассисони соҳаи тиб вобаста ба пешгирӣ аз сироятшавиро риоя намуда, ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем. Дар ҳамбастагӣ бар зидди ин вабои аср истодагарӣ кардан далолат аз сарҷамъию иттифоқу иттиҳоди мост. Содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва садоқату ҷоннисории худро нисбат ба ватан, давлат ва халқамон исбот намоем. Маҳз бо ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мо метавонем аз тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ раҳо ёфта, зиндагии осоиштаю бомароми худро идома диҳем ва дар рушду нумўи давлати азизи худ саҳм гузорем».

Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро  оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад.

Мояи ифтихор аст, ки давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ва таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ҳунармандон низ як қатор имтиёзҳо дода шуд, ки ин тадбир барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии оилаҳо  нақши муассир хоҳад гузошт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила иброз намуд, ки дар шароити кунунии доман паҳн намудани бемории коронавирус, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем ва бо кумаку дастгирии ҳамдигар ин мушкилотро паси сар намуда, ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат кашем.

Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сабоҳат Мамадалӣ   тазаккур дод, ки  “оила бузургтарин ва муқаддастарин рисолати иҷтимоӣ, яъне тарбияи соҳибони фардои як миллатро бар дӯш дорад. Аз ин хотир аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҷлили сазовори Рӯзи байналмилалии оила нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида буд, ки дар асоси он баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Оила- таҳти ҳимояи давлат”, инчунин ҳамоиш бо иштироки коршиносон, ҳуқуқшиносон, равоншиносон, семинарҳои омӯзишӣ бо мақсади баррасӣ ва омӯзиши “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва ҳамзамон баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо дар маҳаллҳо ба нақша гирифта шуда буд. Вале вобаста ба вазъи ба амал омада, яъне хуруҷи бемории коронавирус баргузории чорабиниҳо дар ҷумҳурӣ ба таъхир андохта шуд. Бо муътадил гардидани вазъи эпидемиологӣ нақшаи таҳрезигардида дар Рӯзи байналмилалии оила, албатта, амалӣ карда мешавад”.

Сабоҳат Мамадалӣ  мегӯяд, ки новобаста аз ин Кумитаи занон  дар ин рӯз бо усули «Хона ба хона» машваратҳои инфиродӣ доир менамояд. Ҳамчунин Кумита тасмим дорад ин усулро боз ҳам тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани  оила ва танзими муносибатҳо дар оила боз ҳам бештар ба роҳ монад.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигарҳо қабул шудаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти муносибатҳои оилавӣ равона шудааст, саривақтӣ буда, самаранок амалӣ гардида истодааст.

Май 15, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Дарвоз се оила сазовори ҷойҳои намоён шуданд
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
Дар шаҳри Гулистон ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб мулоқот доир шуд
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Сарвари давлат: «Нагузорем, ки шаҳрвандон ва фарзандонамон бозичаи дасти гурӯҳу қувваҳои манфиатҷӯ гарданд»