ЗАНГ БИЗАН! Дар шаҳри Турсунзода филиали минтақавии Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID–19 таъсис дода шуд

Май 18, 2020 14:21

ТУРСУНЗОДА, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода филиали минтақавии Маркази машваратию  хизматрасонии  волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID–19 таъсис дода шуд. Дар марказ мутахассисони соҳаи тиб ба суолҳои сокинон посух медиҳанд.  Агар шаҳрвандони шаҳрро ягон нишонаи беморӣ азият диҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагӣ гирифтан хоҳанд, ба Маркази машваратӣ дар тамос мешаванд.

Маркази машваратию  хизматрасонии  волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 инчунин ба сокинон чиҳати дарёфти  табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад.  Мақсади Марказ ҳамоҳангсозии фаъолият миёни корафтодагон ва табибон мебошад.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пешгирии пандемияи COVID-19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон буда, дар маҷмӯъ, тамоми неруи некандеш  дар ҳамкорӣ алайҳи  пандемияи COVID-19 мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади  анҷом додани хизматрасониҳои машваратӣ вобаста ба пешгирӣ ва  мубориза бар зидди бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маркази машваратию  хизматрасонии  волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19  таъсис дода шудааст.

Май 18, 2020 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад