Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ фиристод

Май 13, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «UzAuto»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати мазкур.

«Бо мақсади густариши парки махсуси беҳдоштии мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия, ба Тоҷикистон як миқдор мошинҳои ёрии таъҷилии тиббии тамғаи «Damas» фиристода шуд», — омадааст дар иттилоия.

Ҳар як мошин дорои лавозимоти иловагии муҳофизатӣ барои кормандони тиб мебошад.

 

АКС аз t.me/uzauto_official

Май 13, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад