Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Муъминобод шинос шуд

Июнь 9, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва иншоотҳое, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохта мешаванд, дидан ба амал овард. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат аз рафти сохтмони Боғи фарҳангии ноҳия, ки дар маркази ҷамоати шаҳраки «Муъминобод» бунёд шуда истодааст, боздид намуда, барои дар муҳлати муқарраршуда анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ба масъулин тавсияҳои муфид дод.

Сипас, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази мобилии «Тcell», корхонаи саноатии коркарди шир ва дар замини назди корхонаи мазкур боғи интенсивии бунёдшудаистода шиносоӣ пайдо кард. Дар рафти сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти кишти картошка ва нашъунамои он дар хоҷагии деҳқонии «Наҷот»-и ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров дидан намуд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ноҳияи Муъминобод дар майдони зиёда аз 1200 гектар кишти картошка ба итмом расида, амалӣ кардани ин кор дар заминҳои боқимонда бомаром идома дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода инчунин, аз рафти корҳои сохтмонии меҳмонхона ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, ки дар ҷамоати деҳоти «Чилдухтарон» ва мавзеи он бунёд шуда истодаанд, дидан намуд. Қобили зикр аст, ки дар мавзеи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ роҳи 12 километраи Чидухтарон-Ховалинг таъмир шуда истодааст ва то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Июнь 9, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд