Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
Обу ҳаво
Пурсиш
Другие новости
СЕНАТОРҲОИ ФАРОНСАВӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). - «Ҳафтаи оянда як ҳайати парлумонӣ иборат аз сенаторҳои Фаронса ба Душанбе меоянд». Дар ин бора Анри Зиппер де Фабианӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод.
Дипломати фаронсавӣ гуфт, ки сенаторҳои парлумони Фаронса зимни сафар ба Тоҷикистон аз парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо роҳбарияти он мулоқот менамоянд. Инчунин, бо фаъолияти ин мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон шинос мегарданд.
Анри Зиппер де Фабианӣ ҳамзамон гуфт, ки охири моҳи май дар шаҳри Брюссел /Белгия/ мизи мудаввар доир мегардад, ки дар он панҷ нафар вакилони парлумони Тоҷикистон метавонанд иштирок намоянд.


