ФАВРӢ: Парлумон «Шаҳри бехатар»-ро ба тасвиб расондЭ. Раҳмон: “Истеҳсоли маҳсулот дар комбинати қолинбофии Қайроққум бояд ба 5-6 ...Комбинати овозадори абрешим аз нав эҳё гардидТаваҷҷуҳи IFC ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон«ZONERGY» дар Тоҷикистон барқро бо офтобу шамол тавлид мекунад

МАҲДУДИЯТИ ИСТИФОДАИ БАРҚ ИДОМА ДОРАД

               Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар аввали даҳаи якуми моҳи апрел маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ дар навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа бардошта мешавад,- иброз дошт сардори шабакаҳои барқи ҷануби кишвар Оймаҳмад Самадов.
               Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, алҳол дар маркази шаҳрҳои калонтарини ин вилоят маҳдудияти додани барқ ба аҳолӣ бардошта шудааст. Маҳдудият то ҳанӯз барои навоҳии минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа нигоҳ дошта шудааст.
               Ҳоло барои сокинони деҳоти вилояти Хатлон дар як рӯз 2 соат пагоҳӣ ва 3 соат бегоҳӣ барқ дода мешавад.
               Лимити мавҷуда барои сокинони тамоми ҷумҳурӣ танҳо баъди пур шудани оби обанборҳои нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш буда, бардошта хоҳад шуд.