ФАВРӢ:
Мулоқоти О.Оқилов бо роҳбарияти ширкатҳои ҷаҳонии истихроҷи нафтНобудсозии малах дар ШаҳритузИмзои созишнома миёни Тоҷикистон ва 3 ширкати бонуфуз дар соҳаи нафтНахустин ҷаласаи Шӯрои нозирони Фонди дастгирии соҳибкорӣС. Ибодӣ: «Хонаводаҳои ниёзмандро тавонманд хоҳем кард»
Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
БМТ 19.06.2013
1 Доллар 4,76270
1 ЕВРО 6,2432+0,0003
10 Рубл 1,5080
Обу ҳаво
Пурсиш
Шумо аз куҷо хабарҳои ҳаррӯзаро мегиред?
Другие новости
{inform_dle}
МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ШАЙХ А. ФАҲАД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар рушди варзиши кишвар бо Ордени Шӯрои олимпии Осиё сарфароз гардонда шуд.
Ордени Шӯрои олимпии Осиёро Президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад тақдим намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти олиро қадшиносии баланди олами варзиши Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Президенти Шӯрои олимпии Осиё арзи сипос кард.
Зимни сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад масоили ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди мавҷуда нишондодҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ сол ба сол рӯ ба болоравӣ доранд.
Шайх Аҳмад ас - Сабоҳ ал Фаҳад иттилоъ дод, ки имрӯз миёни Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад ва ҳадафи асосӣ аз онҳо кӯмак расондан ба Тоҷикистон дар сохтмони иншооти варзишӣ ва беҳсозии тарбияи ҷисмонии мактаббачагон аст.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Шӯрои олимпии Осиё омодааст барои таъмини рушди бештари варзиш дар Тоҷикистон кӯмакҳои худро афзун намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, ки намояндаи воломақоми Давлати Кувайт аст, ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои роҳсозӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ба Кувайт содир намудани оби нӯшокӣ ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ бояд густариш дода шаванд. Ба гуфти шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, Давлати Кувайт омодааст сохтмони то 60 иншооти соҳаҳои маорифу тандурустиро маблағгузорӣ кунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хабарҳо аз ҳамин мавзӯъ
17.10.2012Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабо ...18.04.2012Мулоқоти М. Неъматов бо Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабо ...29.03.2013Ҷониби Кувайт хостори тақвияти ҳамкориҳо бо То ...8.04.2009МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РАИСИ КУМИТАИ ОЛИМПИИ ОСИЁ7.04.2009БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОРДЕНИ КУМИТАИ ОЛИМПИИ ОСИЁ СУПОРИДА ...