ФАВРӢ: Натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Шоҳигарии Таиланд ва сафари давлатӣ ба &# ...Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу ЖаоМулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Чжоу ҶинпинМулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини якуми сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Га ...Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷ ...

ТАРАДДУДҲОИ «ЗАНГИ КАМОЛОТ»

                        Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Солҳои қаблӣ дар рӯзҳои «Занги камолот» бар асари ҳаяҷони хатмкардаҳои мактаби миёна баъзан ҳодисоти нохуше рух медод. Тӯҳфаҳои қимматбаҳо супорида мешуданд. Хушбахтона, дар 2-3 соли охир тибқи фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ, ҷамъомад дар ҳудуди як соат мегузарад. Ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилоят Ғарибшоҳ Ғарибшоев дар 2-3 соли охир дар кулли шаҳру навоҳии вилоят комиссияҳои идораи маориф фаъолият доранд ва онҳо мақсади фармони вазирро ба волидайн мерасонанд. Ин амал натиҷаи дилхоҳ дод. Дар вилоят чанд сол боз ягон ҳодисаи нохуше дар ин рӯз ва баъди он ба вуқӯъ напайвастааст. Соли ҷорӣ низ чунин комиссия амал мекунад ва садри Раёсати маорифи вилоят бар он аст, ки ҳамааш ба хубӣ анҷом меёбад.