ФАВРӢ:
Бонки Исломии Рушд – ҷонибдори рушди иқтисодии ТоҷикистонМайори милитсия дар дави миллӣ соҳиби ҷойи намоён гардидСаховатмандии матлуботчиёнҒамхорӣ барои собиқадоронМашварат идроку ҳушёрӣ диҳад
Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
БМТ 20.05.2013
1 Доллар 4,7557-0,002
1 ЕВРО 6,0776-0,121
10 Рубл 1,528+0,009
Обу ҳаво
Пурсиш
Шумо аз куҷо хабарҳои ҳаррӯзаро мегиред?
Другие новости
{inform_dle}
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МИСР ИДОМА ДОРАД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Шарм-уш - Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб, ки баҳри иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ дар он ҷо қарор дорад, бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод.
Зимни сӯҳбат умдатарин масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар аз ҷумла, ба масъалаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 зоҳир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб Вазири корҳои хориҷии Сингапур Ҷорҷ Еоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории барои ҳарду кишвар судманд баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки эҷоди заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории гуногунсоҳа бояд аз иқдомҳои аввал дар эъмори муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои пайвастаи ду давлат бошад.
Барои ба имзо расондани як зумра санадҳои заминавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва доир ба туризм ташкили музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Сингапур дар сатҳи олӣ зарур шумурда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Индонезия Ҳасан Вираҷударо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия, ки моҳи октябри соли 2003 ҷараён гирифта буд ва дар заминаи он густариш додани муносибатҳои барои ҳарду кишвар судбахш баррасӣ шуд.
Баҳри такон додани ҳамкориҳо ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши муносибатҳо дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ сурат гирифт.
Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳо оид ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва созандагию бунёдкорӣ дар Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хабарҳо аз ҳамин мавзӯъ
15.07.2009МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГЛОРИЯ АРОЙЙО15.07.2009Э. РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ҲАРАКАТИ ҲАМРОҲНАШАВ ...26.01.2009МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФОИЗА АБДУННАҶОРО22.04.2009АБДУЛЛО ГУЛ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД6.03.2012Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири рушди иқтисоди Оз ...