07033- қисми ҳарбии намунавӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ

Февраль 21, 2015 10:11

Душанбе, 21.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Вобаста ба иҷрои Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва дар ин замина хубтар роҳандозӣ намудани ҷараёни даври зимистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ масъулини Вазорати дифои мамлакат нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои муосири таълимиро, таҳия намуда, ба ҳайати шахсии афсарону cарбозони қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ пешниҳод намуданд.
Дар баробари дигар навъҳои қӯшун ин давраи таҳсил дар Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ низ бо маром ҷараён дошта, бо дастрасии мавзӯъҳои муҳими ин соҳа роҳбарони машғулиятҳо кӯшиш намудаанд, ки бо ҷалби ҳайати шахсии афсарони неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, ки масъулияти таъмини фазоии кишварро бар уҳда доранд, соатҳои дарсиро ба таври назариявӣ ва бо ташкили парвозҳои омӯзишӣ амалӣ намоянд.
Қисми ҳарбии 07033 аз қисмҳои ҳарбии намунавӣ дар ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ба шумор рафта, ҳайати шахсии он дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки як самти фаъолияти онҳо таъмину муҳофизати истгоҳҳову объектҳои ҳарбии ин навъи қӯшун аст, хеле пурмасъул мебошанд.
Шароитҳои фароҳам овардашуда дар ин қисми ҳарбӣ мусоид барои омӯзиши ҳама гуна фанҳои низомӣ буда, имконият медиҳанд, ки афсарону сарбозон сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ барномаҳои таълимии даври зимистонаи таҳсилро аз худ намоянд.

Февраль 21, 2015 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид