ФАВРӢ: Ба газу нафт наздик мешавемКони ояндадори «Пакрут» дар ВаҳдатСафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи ДанғараШиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо мавзеъхои аз заминларза зарардидаОғози озмуни «Нозирони навраси ҳаракат»

«Хорпуштак» 85 сола шуд

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Маҷаллаи дӯстдоштаи ҳамагон «Хорпуштак» 85 сола шуд. Дар тӯли фаъолияти хеш ин маҷаллаи бонуфуз бо ифшои нуқсону камбудиҳо ва нишон додани роҳи ислоҳи онҳо бо «хорҳои» нешдори хеш танбалону порхӯрон, бахилону ҳасудон ва умуман ашхоси зиёновари ҷомеаро фош мекард.
Аҳли эҷоди «Хорпуштак» имрӯз ҳам камбудиву норасоиҳои ҷомеаро зери тозиёнаи танқид гирифта, баҳри ободиву осудагии ҷомеа талош меварзанд.