ФАВРӢ: Ҳашари ободсозӣ дар КӯлобҶамъбасти ҳафтаи ҷавонон дар КӯлобМулоқоти Сарвари давлат бо ҷавононПирӯзии «Равшан» дар меҳмонӣ ба дастаи «Хайр»Олами рангини ҷавонӣ

Ҳунарманди тоҷик-ҳаками фестивали байналмилалӣ

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Аз 26 то 28 июли соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон фестивал-озмуни байналмилалии "Иссиқкӯл-2012" баргузор мегардад. Дар ин бора корманди дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. 
Р. Раҳматуллоев гуфт, ки аз ҷониби кумитаи тадорукоти фестивал ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват шудаанд. Кишвари моро дар бахши сурудҳои анъанавии фолклорӣ сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Гулчеҳра Қурбонова ва дар жанри эстрада Икром Исломӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли "Гулшан" Бахтиёр Иброҳимов дар ҳайати ҳакамони фестивал-озмун шомил гардидааст, илова намуд манбаъ.