ФАВРӢ: «Занги камолот» дар мактабҳои Тоҷикистон 7 июн садо медиҳадКонфронси химикҳо дар ДДОТБаррасии натиҷаҳои лоиҳаҳои МТБНахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону КувайтҲалокати Мастонаи хурдсол дар садама

Китоб ва китобхонашиносӣ дар замони муосир

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). - Имрӯз соати 10:00 дар намоишгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Китоб ва китобхонашиносӣ дар замони муосир» ба истиқболи Рӯзи китоб баргузор мегардад.
Дар ин бора мудири шӯъбаи байни китобхонаҳои китобхонаи миллӣ Малоҳат Эшонқулова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ дар конфронс маърӯзаҳо оид ба мавзӯъҳои «Китоб ва пайдоиши он», «Китоб – махзани дониш», «Нақши китобхонашиносӣ дар китобхонаҳо» дар пешниҳоди олимони соҳа шунида мешавад.