ФАВРӢ: Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии мудирони БИР иштирок хоҳад кардМулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Бонки давлатии рушди ЧинМулоқотҳои Э. Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои ЧинСуханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси ОромИштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

Намоиши осори Сино дар Китобхонаи миллӣ

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи касбии табибон, ки фардо, 18 август дар рӯзи таваллуди олими намоёни соҳаи тиб Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, намоиши китобҳо доир шуд. 
Дар намоишгоҳ китобҳои гуногуни соҳаи тиб ва табибони машҳури дунё, аз ҷумла осори гаронбаҳои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур се рӯз идома меёбад.