ФАВРӢ: Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии мудирони БИР иштирок хоҳад кардМулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Бонки давлатии рушди ЧинМулоқотҳои Э. Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои ЧинСуханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси ОромИштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

Гул ба дасти шаҳрвандон меравад

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Пагоҳ соати 10.30 дар Муассисаи давлатии илмӣ «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» намоишу фурӯши гулҳои хонагӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора аз маъмурияти Муассисаи давлатии илмӣ «Боғи марказии ботаники Тоҷикистон» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар намоиш зиёда аз 50 намуд гулҳо дар ҳаҷми ду ҳазор дона, ки дар гулхонаҳои боғи мазкур парвариш ёфтаанд ва бори аввал бо нархи арзон ба маъраз гузошта мешавад. Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди ин навъи гулҳоро аз хориҷи кишвар овардаанд ва мутахассисони касбии ин соҳа солҳои тӯлонӣ онҳоро тарбия намуда, ба шароити кишвари мо мутобиқ гардонидаанд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ бо гулҳои зебо таъмин намудани муассисаҳои давлатӣ, хонаҳои шаҳрвандон, шахсони алоҳида ва умуман бо анвои гули ҷаҳонӣ шинос намудани ҳаводорон ва дӯстдорони гул мебошад.

Масъулин иброз намуданд, ки намоишу фурӯши гулҳои хонагӣ дар боғи мазкур тамоми сол ба роҳ монда мешавад ва дар оянда ният доранд, ки шумораи онро ба 20 ҳазор дона расонанд.