ФАВРӢ: Санади муқаддасу тақдирсози миллатСел ҷони ду ноболиғро рабурдСафари ҳайати намояндагии ҶМЧ ба ТоҷикистонБизнес-форуми соҳибкорӣ дар ДушанбеДу мактаби нав бо 5000 ҷойи нишаст

Муҳокимаи такмили раванди савдои хориҷӣ

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Масъалаҳои осон гардондани равандҳои фаъолияти савдои хориҷӣ масоили басо муҳими дигаргунсозиҳои иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд», - гуфт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова зимни мизи мудаввар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар масъалаҳои татбиқи созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқи суханони Лариса Кислякова, баъди дидани чораҳо ҷиҳати либерализатсияи савдои берунӣ ва коҳиш додани монеаҳо рушди босуръати муомилоти савдои берунии Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Ҳамгироӣ дар системаи иқтисодии ҷаҳон шароити мусоиди такмили равандҳои савдои берунӣ ва мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ гардонидани онҳоро фароҳам меорад.

Л.Кислякова ҳамчунин зикр намуд, ки мақсади асосии татбиқи лоиҳаи системаи ягонаи иттилоотии Хадамоти гумрукӣ иборат аз мадад ба рушди иқтисодиёти кишвар, беҳдошти шаффофияти равандҳои гумрукӣ мебошад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки ҳаҷми савдои берунӣ ва инвеститсияҳои хориҷӣ афзун гардад.