ФАВРӢ: Бозбинӣ ва қатъи маъюбии 8525 маъюб дар минтақаи КӯлобМулоқоти С.Аслов бо дипломати чехӣКумак ба ашхоси ниёзмандТелефонҳои боварии «Барқи Тоҷик»Афзоиши музди миёнаи меҳнат

Малайзия дар Тоҷикистон бонки сармоягузорӣ ифтитоҳ карданист

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ширкатҳои Малайзия ба манзури дастгирии рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон бонки сармоягузорӣ ифтитоҳ карданианд, гуфт дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони ҳайати Малайзия муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова.

Муовини аввали палата зикр намуд, ки 80 фоизи корхонаҳои аъзои палатаро маҳз корхонаҳои бахши тиҷорати хурду миёна ташкил медиҳанд.

Аъзои ҳайати Малайзия дар навбати худ зикр намуданд, ки теъдоди чунин корхонаҳо дар кишварашон ба 500 ҳазор расида ва онҳо сол аз сол афзоиш меёбанд. Вазифаи бонки навтаъсис иборат аз пуштибонии бахши сармоягузорӣ мебошад.