ФАВРӢ: Мусодираи беш аз 2 кило героинМусоидати Хадамоти муҳоҷират ба пардохти музди меҳнати муҳоҷиронМулоқоти масъулин бо ҷавононМашварати кории Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони СуғдКӯмаки моддӣ ба 175 ятими бепадару модар

Мулоқот дар ПСС ҶТ

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо коршиносони мактаби молия ва тиҷорати шаҳри Франкфурти Олмон Барбара Дрекслер ва Мариан Сточилкович баргузор гардид.

Тавре ки аз ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, коршиносони Олмон ба масъалаҳои қарздиҳӣ, ҳамчунин истифодаи технологияҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот раиси палата ба меҳмонон аз проблемаҳои қарздиҳӣ ба корхонаҳои тиҷорати хурду миёнаи аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ нақл кард.