ФАВРӢ: Боздиди И. Шимонович аз зиндонҳои Тоҷикистон«Тозагии соҳил -2013» ҷамъбаст гардидСозишномае, ки дар Хелсинки ба имзо расида буд, тасвиб шудМуаррифгарони синамои тоҷик дар «Кинотавр»«Нашъамандӣ – падидаи номатлуби ҷомеа»-ҳамоиш

Низоми пул ва қарзи Бонки миллӣ то 1-уми моҳи майи соли 2012

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълумоти пешакии Бонки миллии Тоҷикистон маблағи умумии сармояи қарзи низоми бонкӣ ва ташкилоти маблағгузории хурд дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт то 1-уми майи соли 2012 (бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ) 4 млрд. 399,4 млн. сомониро ташкил додаст,- иттилоъ доданд аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Қарздории мӯҳлаташ гузашта (нопардохтҳо) аз рӯи қарзи додаи низоми бонкӣ аз ташкилоти маблағгузории хурд то 1-уми майи соли ҷорӣ 294,8 млн. сомониро ташкил додаст, ки аз ҷумла 128,9 млн. сомонӣ ё 43,7 фоиз бо пули милӣ ва 165,9 млн. соионӣ ё 56,3 фоиз бо асъори хориҷӣ мебошад. Аз ҳисоби умумии маблағҳои қарзӣ 3 млрд. 102 млн. 494,8 ҳазор сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 1 млрд.296 млн. 894,1 ҳазор сомониро қарзҳои дарозмӯҳлат ташкил медиҳанд.