ФАВРӢ: Боздид аз маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушдАбдураҳим Алиев: “Ман дигар узви гуруҳи ташаббускор нестам!”Оғози «Форуми соҳибкории Душанбе- 2013» бо қироати Қуръони карим»Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону ТаиландҲифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ аз соҳибкасб будан оғоз мега ...

Ташкили низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Норимаса Шимомура ва мушовири байналмилалии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Келли Чарлз доир гардид. 

Ш. Раҳимзода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, аз ҷумла Барномаи рушд изҳори қаноатмандӣ намуд.
Н. Шимомура аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили Низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.