ФАВРӢ: «Самира» ба Бунёди ҷаҳонии сулҳи Англия пайваст шудҶаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону БеларусКумакпулӣ ба ифтихори Рӯзи ПарчамИдораи стратегии рушди инсонӣБа имзо расидани як қатор қонунҳо

Мактабиёни Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намуданд

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар ҳошияи лоиҳаи Маркази илмию амалии ҷумҳуриявии «Дарин» ва мактаб – интернати махсуси ҷумҳуриявии лаёқатмандони шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи УШ анъанавии байналмилалии толибилмон аз рӯи фанҳои риёзӣ, физика ва иттилоот анҷом ёфт.

Дар олимпиада 54 дастаи мактабҳои махсуси 18 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон ва ғайра иштирок доштанд.

Аз рӯи натиҷаи олимпиада 7 дастаи беҳтарин муайян гардида ва ба ғолибон мукофот дода шуд.

Дастаи Маркази махсуси таълимию илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскави Русия соҳиби мукофоти асосӣ гардид. Дастаи шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуввум насиби дастаи мактаби риёзии шаҳри Софияи Булғористон ва литсейи тоҷикию туркии шаҳри Душанбе гардид. Дастаи мунтахаби Булғористон ҷойи сеюмро касб намуд.