12 ҲОДИСАИ СӮХТОР ДАР АВВАЛИ СОЛ

Январь 4, 2010 17:06

                 Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, аз 1 то 4 январи соли 2010 дар миқёси ҷумҳурӣ 12 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кӯдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд.                     Чунончӣ 1 январ дар сохтмони наздиҳавлигии нафақахур Ойдона Маликова воқеъ дар кӯчаи Орзуи шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сӯхтор ба амал омад. Алангаи оташ дар масоҳати 45 метри мураббаъ паҳн шуда, болопӯши ҳезумхона ва захираи ҳезумро сӯхта нобуд кард.                    Тавре ки маълум гардид, сӯхтор дар натиҷаи беэҳтиётона бозӣ кардани набераи соҳибхона бо гугирд буда, зарари он 1 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.                       Инчунин, 3 январи соли ҷорӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки ба соҳибкор Исломиддин Бобоев тааллуқ дорад, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи сӯхтор 150 литр сӯзишворӣ сӯхта нобуд гардид. Зарар аз сӯхтор 500 сомониро ташкил медиҳад. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешавад.     

Январь 4, 2010 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид