2018 — СОЛИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ. Саг дӯсти одам аст, солаш хуб ва ҳосил фаровон мешавад

Декабрь 31, 2017 08:27

ДУШАНБЕ, 31.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар кӯчаву бозор ва мағозаҳои ҷумҳурӣ зиёдтар акси саг дар фурӯш аст. Ин манзара ҳамасола миёни сокинон моҳҳои декабр ва январ  ба мушоҳида мерасад. Масалан, солҳои гузашта дар тақвимҳои солшумории мелодӣ акси мор, наҳанг, харгӯш, паланг, асп, мурғ ва ғайра дида мешуд.

Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз мардум ба тақвими «мучал»-и шарқӣ побанданд, ки мутобиқи он Соли нави 2018 соли саг мебошад. Яъне соли мурғ бо суботкориву сабурӣ ва бурдбориву мустақилӣ сипарӣ шуда, ҷояшро бо соли саг иваз мекунад…

Тибқи фарҳанги мардумӣ, дар баробари солшумориҳои мелодӣ (григориянӣ-аврупоӣ), ҳиҷрии қамарӣ ва ҳиҷрии шамсӣ, инчунин тақвими суннатии «мучал» низ маъмул аст.

Мушу бақару палангу  харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор,
Он гоҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Илова ба тақвимҳои расмӣ, бисёр халқҳо  тарзи солшумории худро доранд. Аз қадим миёни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, тоҷикон солшуморие бо номи мучал  истифода мешавад, ки асоси ин тақвимро даври гардиши Муштарӣ дар атрофи Офтоб ташкил медиҳад ва он ба 12 сол баробар аст. Бинобар ин, ба ҳар як сол номи ҳайвоне  вобаста шудааст. Баъди гузаштани 12 сол номи ҳайвони аввал боз номи солро мегирад.

МУШ

1984

1996

2008

2020

2032

БАҚАР

1985

1997

2009

2021

2033

ПАЛАНГ

1986

1998

2010

2022

2034

ХАРГӮШ

1987

1999

2011

2023

2035

НАҲАНГ

1988

2000

2012

2024

2036

МОР

1989

2001

2013

2025

2037

АСП

1990

2002

2014

2026

2038

ГӮСФАНД

1991

2003

2015

2027

2039

МАЙМУН

1992

2004

2016

2028

2040

МУРҒ

1993

2005

2017

2029

2041

САГ

1994

2006

2018

2030

2042

ХУК

1995

2007

2019

2031

2043

Бояд зикр кард, ки кишоварзон ин тақвимро васеъ истифода намуда, ҳар солро ба хислатҳои он ҳайвон ташбеҳ медоданд ва аз соли хуб ё бад, серҳосил ё камҳосил будани он ҳадс мезаданд. Масалан, дар баъзе минтақаҳои кишвар деҳқонон ин солҳоро чунин тавсиф мекарданд:

Муш – ҷонвари зараррасон аст, аз ин рӯ сол камҳосил шуда, ноқисиҳои гуногун дорад.

Бақар – соли гов метавонад ҳам хуб ва ҳам бад гардад.  Агар боришот бисёр шавад, ҳосил хуб мешавад, боришот кам шавад, ҳосил коҳиш меёбад.

Паланг – сол камҳосил мешавад, чунки ӯ ҳайвони дарранда буда, аз ӯ ҳар хатарро интизор шудан мумкин аст.

Харгӯш – соли хубу серҳосил аст.

Наҳанг – азбаски дар об зиндагӣ мекунад, сол серборишу серҳосил мешавад.

Мор – аксари морҳо заҳрноканд, аз ин рӯ ин солҳо хуб нестанд, баъзан хушксолӣ ба амал меояд.

Асп – азбаски асп ҳеҷ вақт сер намешавад, сол камҳосил меояд.

Гӯсфанд – соли хуб мешавад, чунки ӯ ҳайвони ором аст. Сол серҳосил ва ором буда, зимистонаш гарм меояд.

Маймун – соли бад, камбориш ва камҳосил аст.

Мурғ – ҳамчун соли маймун камҳосил аст, чунки мурғ аз субҳ то шом хӯрок кофта, ҳеҷ сер намешавад.

Саг – дӯсти одам, вафодор аст, бинобарин солаш хуб мешавад. Зимистон гарм меояд, вале ҳосил фаровон мешавад.

Хук – ҳайвони фарбеҳ аст, аз ин рӯ сол сербориш шуда, ҳосил фаровон мешавад. Аз ин сабаб тоҷикон баъзан ин солро «хубон» меноманд.

Мутобиқи фарҳанги мардумӣ, дар ин намуди солшуморӣ аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯӣ мекунанд. Ба қавли мардум, ҳар як ҳайвон хосиятҳои худро дорад ва ҳодисаву дигаргуниҳоро дар он сол ба ҳамин вобаста медонанд.

Масалан, ба бовари мардум, соли саг соли хушоянд мебошад. Ашхосе, ки дар ин сол зода шудаанд, беқарор, серҳаракат буда, дар амали эҷод саъйи зиёд намуда, дар иҷрои кори ҷисмонӣ рағбати беандоза ва ба душвориҳои зиндагӣ босабур мебошанд.

Аз оғози офариниш аввалин ҷонвари ваҳшии дарранда, ки ба хонаи инсон роҳ ёфтаву ҳазорсолаҳо дӯсту ҳамдаму вафодори ӯ гардид, ин саг аст. Аксари кулли олимон бар он назаранд, ки ватани асосии саг Осиёи Марказӣ аст. Олимон тахмин мезананд, ки тақрибан 18-30 ҳазор сол қабл сагҳо хонагӣ шудаанд. Давомнокии миёнаи умри сагҳо 10-15 сол мебошад.

Дарозумртарин саги дунё тибқи китоби «Рекордҳои Гиннес» Блу ном саги чӯпонии Лесс Холлии австралиягӣ мебошад, ки 29 солу 5 моҳ зистааст.

Хусусиятҳои махсуси саг

Саг метавонад то 250 калима ва ишораҳоро дар хотир нигоҳ дорад ва иҷро кунад. Бинии тари саг барои самти бӯйро муайян кардан аст.

Сагбача 28 ва саги бузург 48 дандон дорад.

Дили саги калон чун одамон 60-100 маротиба ва аз сагбача 100-140 бор дар як дақиқа мезанад. Шунавоии саг аз шунавоии одам 10 маротиба зиёд аст. Саг дорои 1700 нейрони ҳис (ресептор) мебошад, одам – дорои 9 000. Саг то 100 000 маротиба зиёдтару хубтар нисбат ба одам бӯйро ҳис мекунад.

Хулоса ин ҷонвари зебо ва дӯсти воқеии инсон дар муддати ҳазорсолаҳо тавонист ҷузъи зиндагии инсоният гардад ва аз ҳама имтиҳонҳои одамон гузашта, дар дилу дидаи онҳо ҷой гирад. Инсон дар рӯи замин вазифадор аст, ки тамоми ҳайвоноту набототи табиатро ҳифзу эҳтиёт кунад. Мо низ изҳори умед мекунем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон соли бобарор ва пурфайзу баракат хоҳад гашт.

Фарорасии соли вафодориву садоқат муборак, ҳамватанони азиз!

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2017 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид