АМИТ "Ховар" http://khovar.tj Хабарҳои Тоҷикистон Sun, 31 May 2020 03:00:24 +0000 ru-RU hourly 1 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, якшанбе, 152-юмин рӯзи соли 2020 аст http://khovar.tj/2020/05/ta-vimi-amit-hovar-imr-z-31-maj-yakshanbe-151-umin-r-zi-soli-2020-ast/ Sun, 31 May 2020 03:00:24 +0000 http://khovar.tj/?p=202136 31 майи соли 2012 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд.

***

Ду сол пеш, 31 майи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, ба Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи таслият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Созмони Умиҷаҳонии  Тандурустӣ (СУТ) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

31 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии бидуни сигор.

***

Рӯзи байналмилалии мубориза бо нобаробарӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи адвокатура.

 РӮЙДОДҲО:

31 майи соли 1960 корхонаи трансформаторбарории шаҳри  Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба истифода дода шуд.

***

31 майи соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси  гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир)   якдилона қабул намуданд.

***

6 сол пеш аз ин, 31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду кишвар маълумот дода мешавад.

***

31 майи соли 2016 зимни маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

***

 31 майи соли 1911 киштии мусофирбари «Титаник» бо зиёда аз 2200 нафар мусофир ба  роҳ баромад, ки  270 метр дарозӣ, 30 метр паҳноӣ дошта,  вазнаш 46 ҳазор тоннаро ташкил медод.

***

Дар ин рӯзи соли 1850 дар Франсия ҳуқуқи интихобкунии оммавӣ бекор карда шуд.

***

31 майи соли 1961 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1859 соати Биг-Бен дар манораи машҳури Лондон насб гардида, аввалин маротиба ба кор дароварда шуд.

***

Соли 1879 дар Германия аввалин маротиба дар ҷаҳон роҳи оҳани барқӣ ба истифода дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

]]>
COVID-19. Дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст http://khovar.tj/2020/05/covid-19-dar-to-ikiston-3807-nafar-bo-tashhisi-siroyati-koronavirusi-navi-covid-19-oshkor-gardidaast/ Sat, 30 May 2020 13:16:17 +0000 http://khovar.tj/?p=202197 ДУШАНБЕ, 30.05.2020/АМИТ «Ховар»/. То соати 17:40 дақиқаи 30 май  дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1865 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, то 30 май дар мамлакат 2076 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 375 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

]]>
COVID-19. Шумораи сироятёфтагони ин вирус дар Ваҳдат ба маротиб коҳиш ёфта, беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд http://khovar.tj/2020/05/covid-19-shumorai-siroyatyoftagoni-in-virus-dar-va-dat-ba-marotib-ko-ish-yofta-bemorhona-o-ba-olati-mu-arrar-barmegardand/ Sat, 30 May 2020 10:45:23 +0000 http://khovar.tj/?p=202192 ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи  дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ дар   шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ  баромад. Дар доираи ин сафар имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ- эпидимиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Ширин Исматуллозода дастуру супоришҳо ва таъкидҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуда, иброз дошт, ки рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Тавре зимни ҷаласа маълумот дода шуд, то рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Вахдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд. Дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Дар интиҳои ҷаласа Ширин Исматуллозода ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият, пеш аз ҳама, иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хотиррасон мешавем, ки чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода давоми чанд рӯзи охир дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Варзоб низ баргузор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

]]>
ТАДБИРҲОИ МИНБАЪДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БО COVID-19. То 1 сентябри соли 2021 дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бунёд карда мешаванд http://khovar.tj/2020/05/tadbir-oi-minbadai-to-ikiston-dar-robita-bo-covid-19-to-1-sentyabri-soli-2021-dar-markaz-oi-amai-viloyat-o-va-sha-ru-no-iya-o-bemorhona-oi-kasali-oi-siroyat-bunyod-karda-meshavand/ Sat, 30 May 2020 08:26:05 +0000 http://khovar.tj/?p=202185 ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. То 1 сентябри соли 2021 бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гарданд. Чунин омадааст дар яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон баён доштанд. Нақшаи мазкур 27 май аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перизденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мутобиқи он, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд фаъолияташонро ҷиҳати пурра аз байн бурдани ин беморӣ, сари вақт бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти мавҷуда тақвият бахшанд ва аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида ба Сарвари давлат мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки то 15 июн ва минбаъд то ба эътидол омадани вазъи эпидемикӣ бо мақсади қабулу табобати беморон беморхонаҳои муваққатӣ ва катҳои иловагӣ дар беморхонаҳои мавҷуда омода намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва онҳоро бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ таъмин намуда, сатҳи сифати хизматрасониро ба беморон боз ҳам беҳтар кунанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд солҳои 2020-2021 лоиҳаи сохтмони маҷмааи беморхонаи сироятӣ дар пойтахт барои 1500 катро омода карда, аз моҳи сентябри соли 2020 корҳои сохтмонӣ барои 650 катро шурӯъ намоянд.

То 5 июни соли 2020 бо мақсади муайян кардани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус бояд бо ҷалби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд ва барои амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешда шавад.

Бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ то 10 июли соли равон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Инчунин мутобиқи ин санад, вазорату идораҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки то 1 август барнмоаи давлатии миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

ДАР АКС: 28 майи соли 2020  Сарвари давлат  дар шаҳри Бохтар Маркази ташхиси тиббии «Дурахш»-ро мавриди истифода қарор доданд. Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

]]>
Зубайдулло Давлатов: «Барои дарки дурусти моҳияти ҳодисаву рӯйдодҳо ва бардошти сабақи дуруст бояд тасмимҳои бехато ва саҳеҳ дуруст гирифта шаванд» http://khovar.tj/2020/05/zubajdullo-davlatov-baroi-darki-durusti-mo-iyati-odisavu-r-jdod-o-va-bardoshti-saba-i-durust-boyad-tasmim-oi-behato-va-sa-e-durust-girifta-shavand/ Sat, 30 May 2020 07:42:53 +0000 http://khovar.tj/?p=202174  ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз оламро хуруҷ ва густариши вируси COVID-19 ба воҳимаву таҳлука овардааст. Ҳолатҳои бисёр ҳассоси равонӣ, тарс, ҳаяҷони баланд андешаву фикри солимро кунду карахт мекунанд. Чунин вазъ ба кас имкон намедиҳад, ки амалҳоро дар тарозуи хирад баркашида, анҷом диҳад. Тафаккури таърихӣ имкон медиҳад, ки барои моҳияти ҳодисаҳо, мазмунан дуруст дарк кардани рӯйдодҳои пешин ва бардошти сабақи дуруст барои имрӯзу фардо тасмимҳои бехато ва дуруст  гирифта шавад.

Тӯли таърих борҳо шудааст, ки худшиносии маънавиасос миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидааст. Агар миллат ва фардҳои он маърифати таърихии маънавиасос дошта бошанд, бо донишу илмҳои пешқадами замон мусаллаҳ гарданд, пас, ин гуна миллат аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои мушкил баромада метавонад. Фаромӯш набояд кард, ки маънавиёт шаҳсутуни худшиносист. Чунин андеша дорад сардори Раёсати таъминоти иттилоотии      Маркази тадқиқоти стратегии назди   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ.

Дар зер  мулоҳизаҳои  мавсуф манзури хонандагон   гардонида мешавад.

Миллати тоҷик маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба ягонагию якдилӣ ва  ваҳдати миллӣ расид. Дар ин давра худшиносии миллат мазмуне пайдо кард, ки ҷавобгӯйи ормонҳои ӯст.

Имрӯз, ки ҷаҳон дар ҳолати тағйирёбии ҳамешагист, масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ барои миллат бояд масъалаи бисёр муҳим бошад. Бидуни ин сиёсати давлат муваффақ намешавад ва ҳадафҳои пешгирифтаи он ба таври дуруст амалӣ намегарданд. Бархӯрди тамаддунҳо, таъсири  арзишҳои нави фарҳангию сиёсӣ ба хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ таъсири мусбат ва манфӣ низ расонида метавонад.

Ба ташаккули хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ омилҳои зиёде таъсири манфӣ расонида метавонанд. Чунин хусусиятҳои манфии одамон,  ба монанди худпарастӣ, манфиатҷӯйӣ, беномусӣ, бадхашмии беасос, муносибати беэҳтиромона нисбат ба давлату Ватан, ниҳодҳои иҷтимоӣ дар вуҷуди  одамон эҳсоси бегонапарастиро вусъат мебахшад. Дар шароити давлати соҳибистиқлол то кадом дараҷа хештаншинос будан ва сатҳи ҳувияти миллии баланд доштани ҳар як шаҳрванд барои тақдири давлату миллат беаҳамият нест.

Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди маънавиёти халқ, дарки сабақҳои таърихӣ, ҳисси ифтихор аз Ватану миллат барои пешрафти ҳувият ва хештаншиносӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ин масъалаи муҳимест, ки на танҳо дар даврони истиқлолияти давлатӣ, балки аз оғози таърих то ҳол диққати андешаварзон, файласуфон, олимони ҷомеашинос, ходимони сиёсӣ, арбобони фарҳангу ҳунарро чун оҳанрабо ба худ ҷалб мекунад. Ҳар ду омил– хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар низоми арзишҳои инсонӣ мавқеи калидӣ доранд.

Худшиносӣ ҳамчун воситаи асосии ташаккули шуури ватандӯстона дар ҷомеа сабаби  пайдоиши ваҳдату ҳамгироӣ гардида, суботу пешрафти онро таъмин менамояд. Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар низоми арзишҳои инсонӣ яке аз арзишҳои калидӣ мебошанд. Ин ду арзиш қудрати сафарбарнамоӣ, тарбиявӣ, ташвиқотӣ  ва муттаҳидкунанда дошта, муносибатҳои байни одамонро дар ҷомеаи шаҳрвандию муносибатҳои сиёсӣ танзим намуда метавонанд. Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ ду омиле мебошанд, ки мағзи тамаддуни инсоният ва фарҳанги як фардро ташкил медиҳанд. Ин мафҳумҳо танҳо дар якҷоягӣ бо мафҳумҳои ватан, давлат ва миллат маънӣ  пайдо мекунанд ва шаклан дар якҷоягӣ ташаккул меёбанд.

Дар давраҳои ҳассосу душвори сиёсӣ тамоми неруҳои рӯҳии инсон фаъол мегарданд. Дар давлату ҷомеа зиндагӣ намуда,  аз сиёсати давлат берун будан ё мувофиқ ба талаботи расмии ҷомеа назистан  имкон надорад. «Мо метавонем ба сиёсати ҷаҳонӣ кор надошта бошем, аммо сиёсати ҷаҳонӣ ба мо кор дорад. Яъне шинохтани сиёсати ҷаҳон, шинохтани фаъолу ҳушмандона барои мо фарз аст.

Аввалин, заруртарин, муассиртарин қадами ин фарз андешаи ваҳдати миллат аст,  ваҳдати пӯлодин ва устувору осебнопазир. Дар назар ҳам дошта бошем, ки имрӯз хатти набардҳои беамон на дар ҷабҳаи Сурия, балки хатти набард дар зеҳнҳои мо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ  барои тасарруфи андешаҳо ҷараён дорад.

Табиати инсон низоъ  ва ихтилоф дорад, аммо инсон бояд қудрате дошта бошад, ки ин ихтилофу низоъҳои ногузирро лаҷом зада тавонад. Ин гуфтугӯҳо, малолу хафагиҳо метавонад дар хонавода бошад. Миёни дӯстон бошад, дохили ҳизбҳо бошад, аммо ба манфиати миллат роҳ наёбад. Рахна дар ваҳдати миллӣ, рахна дар тақдири ҳар як шаҳрванд аст, тири ҳалокати ҳар як нафар аст (Назри Яздонӣ, китоби «Ойини ойина», нашрияи «Хуросон»,  2018, саҳ. 354).

Худшиносии миллии даврони истиқлолияти давлатӣ ва худшиносӣ умуман,  дар заминаи шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, диниву мазҳабӣ, дар асоси шинохти хусусиятҳои миллӣ, дарки мазмун, моҳият ба як шакли дурусти мусбат сурат мегирад.

Мутобиқи таърифи Самуел Хантингтон,  худшиносӣ худро дарк кардани шахс ё гурӯҳ аст, ки дар раванди он шахс ва ё гурӯҳ хосиятҳои муҳими худро идрок намуда, худро аз шумо ва моро аз дигарон тафовут мегузорад. Худшиносӣ чаҳор аломати асосӣ дорад:

– он ба шахсони алоҳида ва гурӯҳи одамон хос аст;

– дорои хосияти тартибдиҳӣ ва созандагист;

–таҷассуми хосиятҳои зиёди худшиносӣ дар ашхос,  аз қабили навъҳои нажодӣ, ҳудудӣ, иқтисодӣ,  фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ;

–он муносибати «бо худ будан»-ро ифода мекунад.

Оғози худшиносӣ дар заминаи шаклгирии инсон ҳам маънаван ва ҳам расман сурат гирифта, ба ибораи дигар,  ин дарки худ, қонеъ кардани талаботи худ ва ҳифз кардани худ аз таъсири ногувори атроф аст. Донишмандони тоҷик раванди рушду тавсеаи худшиносии миллии муосири тоҷикро ба 5 марҳала даврабандӣ намудаанд:

1).Ташаккул ёфтани равандҳои демократӣ дар солҳои 90-уми асри хх ва пазируфта шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ.

2). Ба даст овардани истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон ва густариши озодии виҷдон.

3). Зинда кардани ҳофизаи  таърихӣ, хусусан, таваҷҷуҳ ба мероси таърихӣ ҳамчун воситаи худшиносии миллӣ ва заминаи бунёди давлати миллӣ.

4). Консепсияи Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон.

5). Баҳамоии худшиносии миллӣ ва худшиносии динӣ.

Худшиносӣ дар таърихи миллат решаҳои амиқ дорад. Низоми таълиму тарбия барои ривоҷи худшиносии мактабиёну ҷавонон беҳтарин восита аст, аммо дар барномаи таълимии мактабҳои ҳамагонӣ барои омӯзонидани фанни таърихи Тоҷикистон ҳамагӣ ду соат дар як ҳафта ҷудо шудаасту халос. Чаро олимони соҳа хомӯшанд ва бонги изтироб намебардоранд? Охир,  барои омӯзиши фанҳои забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ соатҳо бештар ҷудо шудаанд ку. Адолатро бояд барқарор кард. Ғайри омӯзиши амиқи таърихи миллат, забон, адабиёту фарҳанги он барои дар ниҳоди шаҳрвандон тарбия намудани хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ватанпарварӣ дигар чорае нест!  Агар ба ояндаи нек умед бандем, ин ояндаро сохтанӣ бошем, пас тафаккури таърихӣ ва диди таърихии шаҳрвандонро ҳамчун раванди пайвастаю ҳамешагӣ ташаккул бояд дод. Таҷрибаи зиндагӣ, таъриху забону адабиёти миллат аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва онҳо низ арзишҳои миллианд. Забон ҳарфи аввали алифбои сиёсӣ ва заминаи асосии худшиносии миллӣ мебошад.

Худшиносии шахс ё ҷомеа бе хотираи таърихӣ ташаккул намеёбад. Муҳите, ки мо дар он таваллуд шудаем, камол меёбем,  ин муҳит рӯҳу равони моро шакл медиҳад. Берун аз ин муҳит рӯҳу равони мо ором намегирад, муҳити дигар бароямон носозгор аст ва худро роҳат эҳсос намекунем. Ҳар миллат вижагиҳои худро дорад ва мо, тоҷикон низ истисно нестем.

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати мо марҳалаи нав аст. Моро зарур аст, ки хешро амиқу аниқ шиносем, анъана, урфу одат ҷашну маросимҳоямонро эҳтиром намоем.

Худшиносӣ  асоси илмӣ дорад. Худшиносии ҳар як тоҷик аниқ ташаккул ёбад, пояи илмӣ дошта бошад, он гоҳ фард фарди тоҷикон хештанро Ватанро таъриху забонашонро меомӯзанд ва дӯст медоранд. Ватанро мисли модар дӯст бояд дошт ва мисли гавҳараки чашм ҳифз  кард. Имрӯз раванди умумиҷаҳонии муҳоҷирати меҳнатӣ ба воқеият табдил ёфтааст. Қисме аз ҳамватанони мо ба зарурати рӯзгор дар Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ба ҳайси муҳоҷири корӣ кор мекунанд. Аз онҳо пурсед, ҳатман аз сӯзу сози Ватан ва фироқи он ҳарф мезананд. Охир, қиблаи мусофир Ватан аст! Рӯҳаш, чашмонаш, дилаш пазмони Ватан аст.

Ҳувияти миллӣ даъватест ба ягонагии миллӣ.

Ҳувияти миллӣ ҳамчун истилоҳ, ба маънои маҷмӯи омезишёфтаи арзишҳо ва нишондиҳандаҳои зотӣ ва усулиест, ки моҳият ва сифатҳои бунёдии як миллатро инъикос намуда, тафовути асосии он миллат аз миллатҳои дигарро муайян мекунад.  Маҳз ҳамин маҷмӯи омезишёфтаи сифатҳо асолати миллат ва асоси назарӣ ва амалии ҳамчун як миллати шинохта шудани воҳиди этнофарҳангиро ташкил медиҳад, то ҳадде, ки бақои миллии худи миллат ба бақои ин сифатҳо бисёр вобаста мебошад.

Бемориҳои инсонро бо дору дармон мебахшанд. Мушкилоту дардҳои ҷомеаро бо амалҳои фоидаовар, созанда ва сухани аниқу санҷидашуда, таскинбахш, бо сухане, ки интизори шуниданаш ҳастанд, дармон бахшидан мумкин аст.

Инсон худ меъмори худ аст. Танҳо кас худаш сираташро дигар карда метавонад. Худсозу худсӯз аст инсон. Чашм зоҳирбин аст. Бо чашм бинӣ,  бовар мекуниву дарк не. Чашм танҳо имрӯзро мебинад. Ботинбин дунёро бо ақлаш мебинад. Тавассути хирад гузаштаю ояндаро дидан имкон дорад. Пас дунёро бояд бо нури ақл диду бо хирад дарк намуд.

]]>
COVID-19. Рӯзҳои санитарӣ дар як қатор муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе то 15 июн тамдид карда шуданд http://khovar.tj/2020/05/covid-19-r-z-oi-sanitar-dar-yak-ator-muassisa-oi-hizmatrasonii-sha-ri-dushanbe-to-15-iyun-tamdid-karda-shudand/ Sat, 30 May 2020 07:38:14 +0000 http://khovar.tj/?p=202178 ДУШАНБЕ, 30.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи  саломатии сокинони пойтахт ва пешгирии бемории сироятии коронавирус қатъи фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон то 15 июни соли 2020 тамдид намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.

Акс аз манбаъҳои дастрас

]]>
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи корхонаи саноатӣ дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Данғара шинос шуданд http://khovar.tj/2020/05/sarvari-davlat-emomal-ra-mon-bo-rafti-kor-oi-sa-ro-va-iftito-i-korhonai-sanoat-dar-de-ai-d-stii-no-iyai-dan-ara-shinos-shudand/ Sat, 30 May 2020 07:37:36 +0000 http://khovar.tj/?p=202176 ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии деҳоти Лолазор бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи мақсадноки замин дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи ниҳоли хоҷагии деҳқонии мазкур, ки дар масоҳати 13 гектар бунёд шудааст, хоҷагидорон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан машғуланд.

Дар ин ҷо 32 намуди ниҳол аз ҷумла, маржавиники зарафшонӣ, тус, булут, шоҳбулут, серенаи ҳиндуӣ, олуи зинатӣ, корнус, саснаи қримӣ, магнолияи ҳамешасабз, лавлариш, ёс, филгуш, зилол, олучаи мичуринӣ, хурмо, себи самаренка, себи хубонӣ, кипариси аризонӣ, арчаи элдарӣ, акатсияи маҳин, сафора, такпайванди себ, такпайванди нок, такпайванди олуча ва гули садбарг мавҷуд аст.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ниҳол мавҷуд набуд ва барои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ сокинон аз хоҷагиҳои ниҳолпарвари дигар минтақаҳои мамлакат эҳтиёҷоти худро қонеъ месохтанд.

Хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа аз тухм, қаламча ва дигар роҳу усулҳои муосир ба парвариш ва мутобиқсозии ниҳол ва гуллу буттаҳо машғуланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагидорон барои рушди соҳаи ниҳолпарварӣ ва таъмини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас  доданд.

Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон”  бо фаъолияти  гармхона ва ҷараёни бунёди боғу токзор шинос шуданд.

Масоҳати гармхона ду гектарро ташкил намуда, дар он 1600 бех лиму, 150 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 10 ҳазор гулу ниҳолҳои хонагӣ мавҷуд буда, ҳамчунин 80 ҳазор бех ниҳоли гулҳо дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад.

Дар гармхонаи мазкур гулҳои гуногуни машҳур аз ҷумла, намудҳои салвия, тагетис, тселозия, бегония, колеус, гипоестес, тсиния, пиларгония, алисиум, традескансия, хлорофитум, партулак, хедера хеликс, папоротник, аспарагус, шефлера, фикус, филодендрон, юка, гибискус, питуния ва сукулентӣ мавҷуд аст.

Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” соли 2017 таъсис ёфта, дорои 142 гектар замин мебошад, ки 88 гектари онро боғ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 33 гектар гелос, 18 гектар олу, 8 гектар зардолу, 4 гектар бодом, 11 гектар писта, 7 гектар нок, 0,60 гектар анор, 0,20 гектар анҷир, 0,80 гектар хурмо, 1,5 гектар олуча, 1,5 гектар чормағз, 0,50 биҳӣ ва 2 гектар токзор мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 12 гектар гандум, чор гектар ҷав, дар миёни қаторҳо 6 гектар полезӣ, як гектар сабзавот ва 0,50 гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.

Дар ин хоҷагӣ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, хоҷагидорон вобаста ба пайдо гардидани корҳои мавсимӣ ҳамасола шумораи кормандонро ба таври кироя зиёд менамоянд.

Яке аз тадбирҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия замина гузошт, ин обёрӣ кардани заминҳо мебошад.

Дар марҳилаи якум соли 2006 2500 гектар, дар марҳилаи дуюм соли 2016 1750 гектар ва дар марҳилаи сеюм шуруъ аз соли 2016 то имрӯз 1750 гектар замин  обёрӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорону кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” оид ба рушди соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғу токзор, ба муҳити минтақа мутобиқ кардани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, афзоиши содироти маҳсулоти истеҳсоли аз ҷиҳати экологи тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқ намудани дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳату тавсияҳои  муфиду судбахш доданд.

Заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаи бой, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва тавсияи мутахассисони соҳа аст, ки имрӯз нашъунамои ҳама гуна маҳсулот ва ниҳолҳо дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар ҳолати хуб қарор дорад. Аз солҳои пеш то ба имрӯз сокинони ноҳияи Данғара бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар саҳро ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат шуҳратёр буда, дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ ва содироти меваю сабзавот нақши бориз доранд.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” корхонаи саноатии “Био Тех”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хоҷагии деҳқонӣ ва корхонаи истеҳсолӣ ҳамчун маркази илмию амалӣ ҷиҳати пешбурди парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст.

Дар корхонаи истеҳсолӣ коркарди мевагиҳо, аз ҷумла, тут, ангур, зардолу, олуча, дулона, хуч, растаниҳи фенхел, кавар, бобуна, кокутӣ, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим коркардашонро дар шароити хона анҷом медоданд, бо истифодаи технологияи муосири соҳавӣ коркард мешавад.

Инчунин хатҳои технологии корхонаи саноатии “Био Тех” имкон медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои худӣ ва бо ворид намудани консентрати меваҳои тропикӣ, аз ҷумла апелсин, мандарин ва манго ба таври доимӣ истеҳсоли шарбатҳоро ба роҳ монда шавад.

Корхона аз ҷониби шахсони ватандӯсти ноҳия дар ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди соҳибкорӣ бунёд карда шуд. Дар сурати ба иқтидори пурра фаъолият намудани  корхонаи “Био Тех” то 120 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Ҳамаи мутахассисоне, ки ба кор ҷалб шудаанд, сокинони маҳаллӣ буда, шакли истифодаи дастгоҳҳо ва коркарди маҳсулотро омӯхтаанд.

Ҳар як маҳсулоти воридшаванда ба корхона қабл аз коркард дар озмоишгоҳи дохили корхона санҷида мешаванд.

Ба хотири таъмини корхона бо маҳсулот саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар масоҳати 5 гектар помидор, 3 гектар маккаи ширин, 3 гектар лубӣ, 1,8 гектар календула, 1,6 гектар ромашка, 1,5 гектар фенхел, 0,50 гектар укроб, 2 гектар лубиё, 0,7 гектар лаблабуи сурх, 0,3 гектар мармарак, 0,25 гектар кокутӣ, 0,50 гектар анҷибарҷ кишт карда, ҳамчунин  наздики 3 ҳазор дона кавар ва 3 ҳазор дона хуч шинонидаанд.

Таҷриба ва натиҷаи ба даст овардаи саҳмдорони хоҷагӣ собит сохт, ки дар дилхоҳ мавзеъ бунёди боғу токзор, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст, дар сурате, ки ҳангоми шинонидану кишт ва нигоҳубин ҳама талаботи соҳаи кишоварзӣ риоя карда шавад.

Имрӯзҳо аҳли заҳмати ноҳияи Данғара сертарадуд буда, барои истифодаи оқилона аз обу замин ҳамҷониба тадбирандешӣ мекунанд ва мақсади ниҳоиашон мусоидат намудан барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стретегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқаворӣ” мебошад.

Таҷриба собит намуд, ки давоми солҳои охир аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва бо ҷойи кор фаро гирифтани шаҳрвандон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисоди ноҳия такон бахшидааст.

Иҷрои саривақтии дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон барои зиёд шудани боғҳои намунавӣ ва ба барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда дар ноҳияи Данғара имконият фароҳам овард.

Ба хотири нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳои шифобахш дар тобеияти хоҷагӣ сардхона сохта шудааст, ки ғунҷоишаш аз се то чор ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба 598 миллиону 837,4 ҳазор сомонӣ расида, нисбати соли 2019 47 миллиону 693 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар чор моҳи соли 2020 437 ҷойи корӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо таъсис дода шуд, ки нисбати соли гузашта 176 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Данғара дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бунёду ба истифода додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатию қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии имконоти васеъ барои молистеҳсолкунандагону соҳибкорони ватанӣ ба пешрафти ин соҳа дар ноҳияи Данғара заминаи устуворро фароҳам овардааст.

Тибқи нақша ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашнҳои миллӣ дар ноҳия сохтмони чанд корхонаи саноатии дигар низ идома дорад,  ки ин омил баробари суръат бахшидан ба тавлиди маҳсулоти ватанӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Баъди шиносоӣ бо Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи фаъолияти саҳмдорони изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шиносоӣ аз рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи корхонаи саноатӣ дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Данғара 30.05.2020

]]>
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон http://khovar.tj/2020/05/suhanronii-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baronu-faolon-va-sokinoni-viloyati-hatlon-3/ Sat, 30 May 2020 07:34:20 +0000 http://khovar.tj/?p=202172 30.05.2020, ноҳияи Данғара

Ҳозирини муҳтарам!

Бо дарназардошти он, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар мебошад, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат – таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

То имрӯз дар натиҷаи амалисозии даҳҳо лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвият додани фаъолнокии иқтисодии мардуми вилоят ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои он заминаи мустаҳкам гузошта шуд.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки вилояти Хатлон дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90 –уми асри гузашта маркази даргириҳо буд ва ҳисороти ниҳоят сангини ҷонӣ ва иқтисодиву молиявӣ дид.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Ҳарчанд ки соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо афзоиши 7,4 фоиз ба 19,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 25,4 фоизро ташкил кардааст, аммо иқтидорҳои мавҷуда дар вилоят ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодаанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Суръати рушди саноати вилоят дар соли 2019 –ум 13,2 фоиз ва дар чор моҳи соли 2020 –ум 9,7 фоизро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан 0,4 ва 5,6 банди фоизӣ камтар аст.

Ҳамзамон бо ин, фаъолияти начандон қаноатбахши низоми коркарди ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ, рақобатнокии нисбатан пасти маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда метавонад дар навбати аввал, ба корхонаҳои амалкунанда таъсири манфӣ расонад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки барои нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳамкориро бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ тақвият бахшида, ҷиҳати самаранок истифода кардани захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвияти корҳо дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Соли 2019 нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале дар чор моҳи соли 2020 иҷрои 4 намуди андоз таъмин нашудааст. Тамоюли пастравии ин нишондиҳанда ба сатҳи иҷтимоии вилоят таъсири манфӣ мерасонад, чунки қариб 90 фоизи қисми хароҷоти буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз бояд камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Дар шароити имрӯза бинобар иҷро нагардидани нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати нишондиҳандаҳои қабулшуда, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, идораи самараноки амволи давлатӣ, фарогирии пурраи амалиёти молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва мунтазам дастгирӣ кардани соҳибкорон, ташаккули манбаъҳои нави андозбандӣ, ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад. Аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав ва бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро тартиб дода, фаъолияти ин корхонаҳоро бо дарназардошти сикли пурраи истеҳсолот бо истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бисёр муҳим аст, ки дар самти васеъ ба роҳ мондани шарикии давлат бо бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар зарфи бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 ба 8,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шудааст, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати кишварро ташкил медиҳад.

Аммо дар моҳҳои январ – апрели соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 9,7 фоиз афзоиш ёфтааст, ки чунин вазъ ҳанӯз ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нест.

Дар сохтори истеҳсолии саноати вилоят ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 50 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ, нафту газ 39,5 фоиз ва саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Дар чунин вазъ, роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Илова бар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бо мақсади истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва навсозии технологии инҳо ҷиҳати ташкили истеҳсоли намудҳои наву рақобатноки маҳсулот роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои сармоягузории корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва корхонаҳои нави саноатиро таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи маблағгузории онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд ва фаъолияти онҳо дар давоми сол аз рӯи ин нишондиҳандаҳо арзёбӣ карда мешавад.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 доир ба корҳои дар самтҳои зикршуда иҷрогардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Дар назар бояд дошт, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо ҷалби технологияҳои каммасраф ба роҳ монда шуда, рақобатнокии он баланд бардошта шавад.

Дар вилоят маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Ҷиҳати ба кор даровардани силсилаи пурраи истеҳсолии то маҳсулоти дӯзандагӣ коркард кардани нахи пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии “Ҷунтай – Данғара” то сентябри соли 2021, яъне то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ масъулинро зарур аст, ки ҷараёни корҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад. Гарчанде дар вилоят ҷамъоварии пахта назар ба соли 2018 –ум 49 фоиз афзоиш ёфтааст, зарур аст, ки ҷараёни кишт ва агротехникаи парвариши он бо истифода аз усулҳои муосир ва кишти пунбадонаи ба иқлими кишвар мутобиқ ба роҳ монда шавад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Андешидани тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии вилоят, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Соли 2019 кишоварзони вилоят дар майдони 422 ҳазор гектар кишт гузаронида, ба маблағи 14,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 –ум 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 70 ва 30 фоизро ташкил кард.

Ҳарчанд ки дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо моро ҳанӯз қонеъ гардонида наметавонанд.

Кишти зироатҳои баҳорӣ ба ҳолати 1 майи соли 2020 назар ба дурнамо 5,2 фоиз кам буда, бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 фоиз кишти такрории ғалладонагӣ ҳанӯз корҳои зиёдро ба анҷом расонидан зарур аст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад.

Бинобар ин, бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд.

Инчунин оид ба корҳои иҷрошуда, аз ҷумла доир ба вазъи иҷрои супоришҳои иловатан додашуда дар хусуси зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва афзоиш додани кишти ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва картошка ҳар семоҳа ба Ҳукумати кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, бунёди иншооти нигоҳдорӣ ва коркарду бастабандии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир барои истеъмоли дохилӣ ва барои содирот бояд ба роҳ монда шавад.

Соли 2019 аз вилоят ба хориҷи кишвар 90 ҳазор тонна пиёз ва қариб 9 ҳазор тонна мева содирот шуда буд. Ба санаи 26 майи соли 2020 –ум 36300 тонна пиёз содирот гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аммо аз ҳаҷми умумии пиёзи истеҳсолшуда ҳамагӣ 15 фоиз ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Маълум мешавад, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зеро дар шароити паҳншавии пандемияи коронавирус талаботи кишварҳои шарики асосии тиҷоратиамон ба сабзавоту меваи барвақтӣ, лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза беш аз пеш афзуда истодааст.

Ман ҳанӯз соли гузашта дар мулоқот бо шумо – роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон супориш дода будам, ки барои нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, инчунин, коркарди онҳо чораҷӯӣ намуда, ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот мунтазам тақвият бахшида, ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа бамаротиб зиёд карда шавад.

Аммо то ҳол дар ҳудуди вилоят корҳо ҷиҳати ташкили маркази логистикӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва иншооти борфарориву боркунӣ дар назди роҳҳои оҳан ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода мешавад, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки ҷиҳати ҳарчи камтар кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини мунтазами бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ чораҳои таъхирнопазир андешем.

Аз ин лиҳоз, кишоварзони вилоят ва умуман, тамоми кишварро зарур аст, ки истифодаи самараноки заминҳоро таъмин ва барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёдтар ва талаботи аҳолиро ба маҳсулоти ниёзи аввал таъмин намоянд.

Соли 2020 бо ҷалби сармояи ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ба маблағи 153 миллион сомонӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 5 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати зикршуда ташкили корхонаи истеҳсоли гӯшти чорво дар ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли 1000 тонна гӯшти гов дар як сол ба маблағи 105 миллион сомонӣ бо 32 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 70 ҷойи кори мавсимӣ дар назар дошта шудааст.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 –ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Итминон дорам, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар натиҷаи амалишавии сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар замони истиқлол ҳазорҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Фақат дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 3,1 миллиард сомонӣ сармоя равона карда, мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 12800 ҷойи нишаст, муассисаҳои томактабӣ бо 365 ҷой, дармонгоҳҳо барои 913 қабул ва шифохонаҳо бо 300 кат ба кор андохта шуда, дар ҳаҷми 1,1 миллиард сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расидаанд.

Дар ин ҷода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки назоратро ҷиҳати азхудкунии саривақтиву мақсадноки маблағи лоиҳаҳо, бо тарҳи замонавӣ бунёд намудани иншооти пешбинишуда ва минбаъд самаранок истифода кардани онҳо пурзӯр намоянд.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ дар вилоят бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ бунёду азнавсозии 112 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят 100 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти иқтидорҳои дар вилоят мавҷуда умуман қонеъкунанда нест.

Дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо бо дарназардошти таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳон ва минтақа ба талабот ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро таҳти назорати доимӣ қарор дода, самаранокии кори онҳоро ҳамасола арзёбӣ кунанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар ҳисобот манзур намоянд.

Инчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, ба шуғл фаро гирифтани мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, дар муҳлатҳои пешбинишуда татбиқ намудани лоиҳаҳо ва таъмини нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, вусъат додани корҳо дар самти бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят зарур аст, то ки ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулот боз ҳам осон ва хароҷоти роҳ кам карда шавад.

Ҳоло корҳои сохтмон дар лоиҳаҳои таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихумб, Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Муъминобод идома дошта, кор дар самти лоиҳакашӣ ва оғози бунёди роҳҳои Ҳулбук – Темурмалик, Кӯлоб – Муъминобод, Бохтар – Данғара – Кӯлоб, Бохтар – Носири Хусрав ва роҳҳои дигар идома дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки рушди сармояи инсонӣ омили муҳимми пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт мебошад, мо рушди соҳаи илму маорифро дар доираи даҳ афзалияти асосӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян кардаем.

Масалан, дар доираи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, бунёди 566 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки корҳо дар ин самт ҳоло ҳам ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд.

Дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ дар доираи иҷрои барномаи мазкур 12 ҳазор ҷойи нишаст ва 365 ҷой дар муассисаҳои томактабӣ таъсис дода шудааст, вале бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ нарасидани ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар вилоят то ба ҳол масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи зикршударо таъмин намоянд.

Ҳифзи сиҳатии омма ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки, хусусан, дар шароити имрӯза ниҳоят мубрам гардидааст.

Ман борҳо иброз дошта будам ва бори дигар такрор менамоям, ки саломатии миллат боигарии давлат мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилоят аз 892 ба 1668, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ аз 5 ба 26, марказҳои тиббии хусусӣ ба 123 ва шумораи беморхонаҳои хусусӣ ба 5 расидааст. Аммо ин нишондиҳандаҳо вобаста ба фарогирии аҳолӣ, махсусан, сокинони деҳоти дурдаст бо хизматрасонии тиббӣ ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ зарур аст, ки ба ин масъала, яъне бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид. Яъне дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184 фоиз) афзудааст. Дигар ин, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, инфрасохтори иҷтимоии он – мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ зарари аз ҳама зиёд дида, қисми бештари онҳо сӯхта ва харобу валангор шуда буданд.

Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Илова бар ин, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад. Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз 30 апрели соли 2012 бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013 – 2015 тасдиқ шуда буд. Тибқи таҳлилҳо, бо вуҷуди амалӣ гардидани баъзе корҳо, иҷрои пурраи барнома таъмин карда нашудааст.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор месозам, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои куллан беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Тавре ки вақтҳои охир дар чандин мулоқоту суханрониҳои худ борҳо таъкид кардам, ҳоло кишварҳои ҷаҳон бар зидди бемории коронавирус мубориза мебаранд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар ба пешравиҳои муайян ноил шуда истодаанд. Сокинони кишвари мо низ мушоҳида мекунанд, ки дар натиҷаи кӯшишҳои якҷояи Ҳукумат, сохторҳои давлатӣ ва дастгирии мардум шиддати паҳншавии вирус хеле паст гардид. Бо вуҷуди ин, мо бояд минбаъд низ қоидаҳои тозагӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибонро риоя кунем.

Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳарвақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки ҷиҳати хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини табобатхонаҳо бо маводи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба гирифторони бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш ва тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ тадбирҳои фаврии иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва табобати беморонро зери назорати қатъӣ гирифта, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастҷамъона ҳаллу фасл намоянд.

Ҳамчунин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва ҷубронпулию кумакпулиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Зарур аст, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, пешниҳоди сабукиҳо ҳангоми додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони истеҳсолӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Илова бар ин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Умедворам, ки кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон барои рушди давлати соҳибихтиёри худ дучанд заҳмат мекашанд ва дар пешрафти кишвар чун ҳарвақта саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, махсусан, кишоварзон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд хонаи обод, иқболи нек ва зиндагии орому осуда орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

]]>
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон http://khovar.tj/2020/05/mulo-oti-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-bo-ro-baronu-faolon-va-sokinoni-viloyati-hatlon/ Sat, 30 May 2020 07:27:58 +0000 http://khovar.tj/?p=202170 ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат натиҷаи сафари серӯзаашонро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара натиҷагирӣ карда, ба меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолии дохил, содирот ба кишварҳои хориҷ, мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарани саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат — таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст, Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Вобаста ба тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои андозӣ ва таъсири манфии он ба сатҳи иҷтимоии вилоят ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд.

Таъкид гардид, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд. Дар вилояти Хатлон маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳарчанд дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода шуд, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дода шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 — ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Барои рушди соҳаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро таъмин намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар чор моҳи соли 2020 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.

Зимни суханронии худ раиси вилояти Хатлон аз номи Мақомоти иҷроияи давлатии вилоят ва сокинони он ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо, ташаббусҳои созанда, ғамхориҳои шабонарӯзӣ ва тадбирҳои арзанда баҳри беҳдошти шароити зиндагии мардум изҳори сипос карданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон 30.05.2020

]]>
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи истеҳсолии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара боздид намуданд http://khovar.tj/2020/05/prezidenti-mamlakat-emomal-ra-mon-az-kooperativi-iste-solii-mu-sin-on-i-no-iyai-dan-ara-bozdid-namudand/ Sat, 30 May 2020 07:24:46 +0000 http://khovar.tj/?p=202168 ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъу намои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» боздид ба амал оварданд.

Самти асосии Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронида шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд.

Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» қариб 230 гектарро ташкил дода, хоҷагидорон дар замин асосан ғалла кишт мекунанд.

Тибқи нақша соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъу намои он хуб ба назар мерасад. Дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишт шудааст, ки ин аз оқилонаву самаранок истифода шудани ҳар қитъа замини корам ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд шаҳодат медиҳад.

Қариб 200 гектар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»и ноҳияи Данғара обӣ буда, замини он ҳосилхез мебошад. Дар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» асосан навъҳои гандуми маҳаллии серҳосили ба иқлими ноҳияи калони ғаллакори мамлакат-Данғара кишт карда шуда, ҳамасола ҳосили баланди ғалла ба даст оварда мешавад. Мувофиқи иттилоъи масъулон соли равон дар майдони 50 гектар аз тухми гандуми ҳосилдеҳи «Фарҳоди», ки маҳсули офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт карда шудааст.

Ҳосили интизории имсолаи ғаллазори замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара, ки ҳоло нашъу намои хуб дорад 60 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Зеро барзгарон бо мақсади ба даст овардани ҳосилнокии баланди ғалла, таъмин намудани хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тухмии аълосифат навъҳои гандуми ҳосилдеҳи ғалларо кишт намудаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз нашъу намои замини ғаллаи Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара ба масъулон чиҳати гирифтани ҳосили фаровони гандум, таъмин кардани ҳама хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмиҳои ба иқлим мутобқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бояд зикр сохт, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии ғалла ва офаридани навъҳои тухми гандуми ба иқлими ноҳия мусоид бо олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои ғаллакор маҳсуб ёфта, кишоварзон бо гирифтани ҳосили фаровони гандум дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ноҳияи Данғара ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти ғалла ва ба даст овардани ҳосили баланд тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуда, заминҳои лалмии ноҳия, ки дар бештари онҳо гандум кишт карда мешавад самаранок истифода бурда мешаванд.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, бо истифода аз техникаҳои муосир саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили замини ғаллазор ва ба ҷойи он гузаронидани кишти такрорӣ ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Боздид аз Кооперативи истеҳсолии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара 30.05.2020

]]>