ФАВРӢ:
«Занги камолот» дар мактабҳои Тоҷикистон 7 июн садо медиҳадКонфронси химикҳо дар ДДОТБаррасии натиҷаҳои лоиҳаҳои МТБНахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону КувайтҲалокати Мастонаи хурдсол дар садама
Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
БМТ 25.05.2013
1 Доллар 4,7559-0,0002
1 ЕВРО 6,0908-0,0854
10 Рубл 1,52-0,016
Обу ҳаво
Пурсиш
Шумо аз куҷо хабарҳои ҳаррӯзаро мегиред?
Другие новости
{inform_dle}
Кормандони ВКД ҶТ дар Амрико
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Аз 24 июн то 1 июли соли ҷорӣ шаш нафар кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ барои омӯхтани идоракунии эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ба иёлоти Калифорнияи Амрико сафар намуданд. Ин сафари омӯзишӣ ҷузъи лоиҳаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии шӯъбаи байналхалқии мубориза алайҳи маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сафорати ИМА буда ва аз тарафи «Эмерҷенс Групп» татбиқ мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд. Иштирокчиёни барнома аз идораи пулис, пажӯҳишгоҳҳои таълимӣ, марказҳои амалиёти фаврӣ дар Лос-Анҷелес, Санта-Барбара, Сан-Луис-Обиспо ва Порт Вайнеме дидан карданд. Онҳо машқҳои амалиро ҷиҳати идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва назорати издиҳом мушоҳида карда, системаҳои фармондиҳӣ ҳангоми ҳодисаҳо ва кӯмаки тарафайнро омӯхтанд. Дар симпозиуми солонаи иёлоти Калифорния перомуни идоракунии ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд, ки дар он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон барои тарҳрезии нақшаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва амалиёт дар якҷоягӣ кор мекунанд.

Хабарҳо аз ҳамин мавзӯъ
14.10.2011«111» - хадамоти наҷотдиҳӣ омода аст5.08.2011Кормандони ВКД ҶТ дар ИМА таҳсил намуданд22.12.2011Ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар бахши ҳола ...15.09.2011Кормандони ҳифзи ҳуқуқ забони англисиро меом ...30.11.2012Омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолатҳои фав ...