ФАВРӢ: Мусодираи беш аз 2 кило героинМусоидати Хадамоти муҳоҷират ба пардохти музди меҳнати муҳоҷиронМулоқоти масъулин бо ҷавононМашварати кории Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони СуғдКӯмаки моддӣ ба 175 ятими бепадару модар

Табрикномаи Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони конфронси RECCА - V

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки дар Тоҷикистон идома дорад, табрикнома ирсол намуд. Пан Ги Мун зикр намуд, ки ҳамкории иқтисодӣ роҳи сӯӣ ояндаи бехатарии мардуми Афғонистон аст.

Роҳбари СММ зикр намуд, ки Конфронси иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон аз соли 2005 сурат мегирад. Ӯ хотирнишон сохт, ки дар конфронси якум намояндагони 11 кишвар иштирок доштанд, вале ҳоло дар он вакилони 80 давлат, ҳамчунин намояндагони созмонҳои минтақавии байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доранд.

Муншии умумии СММ дар табрикномааш иштирокдорони конфронсро хотирнишон сохт, ки имрӯз дар Афғонистон баробари Намояндагии СММ боз 28 муассиса ва бунёду барномаҳои ин созмон фаъолият доранд.