ФАВРӢ: Мусодираи беш аз 2 кило героинМусоидати Хадамоти муҳоҷират ба пардохти музди меҳнати муҳоҷиронМулоқоти масъулин бо ҷавононМашварати кории Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони СуғдКӯмаки моддӣ ба 175 ятими бепадару модар

Мулоқоти вазир бо сафири ИМА

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кеннет Гроссро бинобар анҷом ёфтани рисолаташ ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолияти Сафири ИМА дар Тоҷикистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар давраи дар Тоҷикистон будани ӯ муносибатҳои ҳар ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Сафири ИМА ба вазир барои ҳамкории судманд ва дастгирии фаъолияти сафорати кишвари ӯ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Кеннет Гросс иброз дошт, ки Тоҷикистон шарики муҳими ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда ва кишвараш ба рушди муносибатҳои дуҷониба аҳамияти хоса медиҳад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.