Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
Обу ҳаво
Пурсиш
Другие новости
Роҳбарият
Директори АМИТ «Ховар» - Шамсиддинов Садриддин Зайниддинович
28 феврали соли 1967 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1984 мактаби миёнаи №3- и ноҳияи Восеъро хатм кардааст. Дар давоми солҳои 1984-1985 дар омӯзишгоҳи касбҳои техникии №67 шаҳри Душанбе таҳсил карда, онро бо дипломи аъло ва ихтисоси «васлгари барқ» хатм кард. Аз моҳи августи соли 1985 то моҳи сентябри соли 1986 дар трести «Душанбемонолитстрой» кор карда, дар сохтмони биноҳои дувоздаҳошёна ширкат варзидааст.
Соли 1986 ба факултаи филологияи тоҷик (кафедраи журналистика ва тарҷумонии ) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Солҳои 1987-1989 дар қаламрави Белорусия дар ҳайати Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо овард. Баъди бозгашт таҳсилро давом дода, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуд.
Аз соли 1993 то моҳи октябри соли 1996 дар идораи барномаҳои иттилоотии радиои Тоҷикистон, аз соли 1996 дар идораҳои барномаҳои «Ахбор» ва «Субҳ», идораҳои сиёсӣ ва иқтисодии телевизиони Тоҷикистон ҳамчун мудири шӯъбаи мухбирони минтақавӣ, муовини аввали сармуҳаррир ва сармуҳаррир кор кард. Аз моҳи декабри соли 2003 то моҳи апрели соли 2005 мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Аз соли 2005 то 6 феврали соли 2008 директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд. 6 феврали 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таъин гардид. Айни ҳол дар ҳамин вазифа кор мекунад.
Мавсуф аз ҷумлаи муаллифони силсилаи китобҳо дар бораи фаъолияти доманадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаи Сардори давлат мебошад. Китобҳои зерин «Президент», «Эмомалӣ Раҳмон - давомдиҳандаи анъанаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия» ва «Соле , ки ба асрҳо баробар аст» аз ҳамин ҷумлаанд.
Садриддин Шамсиддинов аълочии телевизион, радио ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ буда, бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Телефонҳо барои маълумот (992 372) 21 21 37 факс - 23 23 83 E-mail: sadrshamsi67@mail.ru


