РУСҲО ҲАМКОРИРО БО “КӮЛОБ ТЕКСТАЙЛ” ҚАТЪ НАМУДАНД

Ноябрь 19, 2009 14:42

                  Кӯлоб, 19 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).- Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, ки дар нахустин рӯзҳои раисиаш эълон карда буд, ки Кӯлобро ба як шаҳри саноатӣ табдил медиҳад, акнун дар ҳалли мушкилоти корхона, яъне таъмин кардан бо қувваи барқ мушкилӣ мекашад.                   Корхонаи ресандагии шаҳри Ивановои Русия ҳамкориро бо корхонаи ресандагии “Кӯлоб Текстайл” муваққатан қатъ намудааст. Обиддин Неъматов, ҷонишини роҳбари корхонаи мазкур мегӯяд, харидорӣ аслии маҳсулоти онҳо маҳз ҳамин корхона ба шумор мерафт, ки акнун бо сабаби бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз харидории маҳсулот даст кашидааст. Ин дар ҳолест, ки то моҳи гузашта корхона бо иқтидори пурра ришта истеҳсол намуда, онро ба Русия интиқол медод. Ба гуфтаи ӯ, мутаасифона “Кӯлоб Текстайл” ба ҷуз ин корхона бо дигар корхонаҳои хориҷӣ шартнома надошт ва дар ҳамин маврид шартнома бастан низ ғайримумкин гаштааст. Ҷаноби Неъматов мегӯяд, ҳоло иқтидори истеҳсоли қаблии корхона ба маротиб коҳиш ёфтааст.                     Ба истилоҳ, болои сӯхта намакоб барин идораи барқи шаҳри Кӯлоб низ пайваста барқро дар ин корхона қатъ мекунад, ки ин амал низ боиси поён рафтани истеҳсолот мегардад.                     Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини ин корхона риштаи истеҳсолии онҳо ба талаботи байналмиллӣ ҷавобгӯст. Аммо мутаассифона дар дохили кишвар он харидор надорад. Зеро дар Тоҷикистон корхонаи бузурге, ки тамоми риштаи истеҳсолии “Кӯлоб Текстайл”-ро харидорӣ ва аз он маҳсулот омода кунад, вуҷуд надорад. Дар ҳамин маврид коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон замони шӯравӣ ва барои тамоми ин иттиҳоди пурқудрат бунёд ёфта буданд. Риштаи истеҳсолии ин коргоҳ замони шӯравӣ ба Украина ва Русия, ки ҷузъе аз ин иттиҳод маҳсуб меёфтанд, барои омода кардани маҳсулоти пахтагӣ ирсол мегардид. Аммо ин сиёсати иқтисодии шӯравӣ пас аз пош хӯрдан ба корхонаҳои саноатии Тоҷикистон зарари ҷиддӣ ворид намуда, ҳатто боиси аз байн рафтани бархеи онҳо гардид.                     Корхонаи ресандагии “Кулоб Текстайл” аз бузургтарин корхонаи истеҳсоли ришта дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Дар ҳоле, ки шартномаи фурӯши риштаро бо корхонаи ресандагии шаҳри Ивановои Русия қатъ кардааст, акнун масъулини корхона дар ҷустуҷӯи ҳамкорони нав қарор доранд. 

Ноябрь 19, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад