New Europe: Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳи Тоҷикистон

Июль 2, 2015 12:46

Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охири қарни гузашта дар дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвараш басо муҳим аст. Албатта, “Меъмори сулҳ” дар Тоҷикистон ҳар вақт ин хизматҳоро ба ҳамватанони шарафманду худогоҳ, мардуми дорои таъриху фарҳанги қадиму бой ва расму оини сулҳбунёд марбут медонад. 
Бо вуҷуди ин, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар анҷомёбии ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992-1997, дастёбӣ ба сулҳ, субот ва ваҳдати миллии комил дар ҷомеаи тоҷик, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули конститутсияи нав ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст. Бинобар корномаҳои ҷасурона ва ҳатто қаҳрамонона дар он давраи душвор, пешвои халқи тоҷик, бешубҳа, сазовори аҳсан буда, шоистаи кафкӯбиҳои баланди тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. 
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳаллу фасли чолишҳои давраи пас аз муноқиша нақши намоён бозидааст: қабл аз ҳама дар фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки натиҷаи он Созишномаи умумии деринтизор дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Қабл аз давраи ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон воқеаҳои фоҷиабори мубориза барои қудрат дар кишвари ҷавон ва он вақт заиф рух доданд. Маҳз навсозӣ (“перестройка”) дар Иттифоқи Шӯравӣ ва оқибатҳои он ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати навистиқлоли Тоҷикистон оварда расониданд.
Низои ҳарбӣ ба иқтисоди давлат ҷуброни ҷиддӣ расонид. Ҳаёти даҳҳо ҳазор нафар, ки дар он солҳои даҳшатбор қурбонӣ шуданд, талафоти гарон аст. Кишвари мо дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари ШМА зарар дида буд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи ҷониби расмии ҳукуматӣ дар раванди гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон, ки дар якҷоягӣ бо мухолифин сурат гирифтанд, фаъолона иштирок намуда, таъсири қатъиву мусбат гузошт. 
Дар маҷмӯъ, ин гуфтушунидҳо дар 8 давр дар шаҳрҳои Кобул, Алмаато, Теҳрон, Хосдеҳ (Афғонистон), Москва, Машҳад (Эрон) ва Бишкек баргузор гардиданд. Гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва бо иштироки кишварҳои кафил – Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Туркманистон барпо шуданд. Ин кишварҳо дар раванди дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд.
Раванди пурпечутоби гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар Москва бо имзои Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. 
То кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Тайи солҳои душвори сарварӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мавқеи принсипиалӣ, инсондӯстӣ ва фаъолияти сулҳофаринӣ ҳам дар кишвари худ ва ҳам дар хориҷа сазовори нуфузу обрӯи бузург гаштааст.
Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ низ дорад, чунки он дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, ба монанди Афғонистон, Сурия ва дигар кишварҳо метавонад истифода карда шавад.
Дар ин росто Президент Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати саҳми арзанда ба пешбурду ҳифзи сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, кишвари имрӯзҳо зуд рушдёбанда, бояд ҳаматарафа ҳавасманд ва қадрдонӣ гардад.
Мақолаи мазкур дар New Europe нашр шудааст. 
Рустам Солиев, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бенилюкс, Намоянда дар Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ЮНЕСКО      

http://www.neurope.eu/article/emomali-rahmon-tajikistans-architect-of-peace/       

Июль 2, 2015 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ МАН-ДАР ОБОДОНИИ ШАҲРИ МАН. Дар сойи Тебалайи Кӯлоб ҳашари тозакорӣ гузаронида шуд
Молу маҳсулотро дар «МегаФон Life» фармоиш диҳед ва «Пайкар» онҳоро то назди даратон бурда мерасонад!
Дар Швейтсария либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муррифӣ шуданд
САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН НИЗ ИБОДАТ АСТ. Сокини ноҳияи Айнӣ ба ҷойи адои ҳаҷҷи фарзӣ барои ҳамдеҳагонаш пули дарозиаш 6 метр сохт
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ҳизбии «Арвис» таъсис ёфт
Дар Суғд таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 15 000 бех гули ороишии мавсимӣ шинонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 24 дараҷа гарм мешавад
Гурӯҳҳои корӣ ба сокинони шаҳри Роғун муҳтавои суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмониданд