«РУҚИЯ» БА СОЛИ 2009 ОМОДАГӢ МЕБИНАД

Январь 15, 2009 15:18

         Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагии деҳқонии «Руқия»-и ноҳияи Ёвон дар ихтиёри худ 28 гектар замин дорад ва соли сеюм аст,ки миёни дигар хоҷагиҳои ноҳия нақшаашро аз рӯйи ҷамъоварии ҳамаи намуди маҳсулоти парваришнамуда, барзиёд иҷро менамояд. Соли 2008 хоҷагӣ аз майдони 20 гектар пахта 73 тонна ҳосил ба даст оварда даромади хуб гирифт,-иброз дошт роҳбари хоҷагӣ Руқия Раҳимова. Тайёрӣ  барои кишти баҳорӣ хуб аст. Хоҷагӣ майдони 20 гектар замини пахтаро сари вақт аз ғӯзапоя тоза намуда, онро хушсифат шудгор намуд, ба қадри зарурӣ нурии минералӣ андохт, инчунинхоҷагӣ дар соли 2009 бо тарзи лизингӣ техникаи зарурӣ харидорӣ карданист. Ҳоло   баҳри анҷоми корҳои деҳқонӣ сӯзишворӣ, тухмии хушсифат ва нуриҳои минералӣ захира карда шудааст.

Январь 15, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид