ФАВРӢ: Қоҳир Расулзода ба Ню Йорк рафтМулоқоти бо Қоҳир Расулзода бо Гуо ЖэнсянҶаласаи Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии СҲШМулоқоти Қоҳир Расулзода бо Патрисиа Виверс КартерД.Саймиддинов: Вазифаи забоншиносон на танҳо таълим, балки таҳқиқи забон аст

Суханронии Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи чойхонаи миллӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Балҷувон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар маросими ифтитоҳи чойхонаи миллӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Балҷувон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрўзаи мову шумо дар лаҳзаҳое баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифу сарбаландамон бо фараҳу шодмонӣ ба таҷлили ҷашни бошукўҳу тақдирсози миллӣ – бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз омодагӣ мебинанд.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – хурду бузурги ноҳияи зебоманзари Балҷувонро самимона табрик гуфта, бароятон сиҳативу саломатӣ, хонаи обод ва рўхияи болидаи созандагӣ ба хотири шукуфоии диёр орзу менамоям.
Ҳар як ваҷаб замин, обу хоки Ватан ва ҳар як гўшаи сарзамини аҷдодӣ барои роҳбарияти давлат ва мардуми шарифи кишвар арзиши олӣ ва муқаддас мебошад. Ин аст, ки давлат ва ҳукумати кишвар аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушду тараққиёти ҳамаи минтақаҳои мамлакат таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда истодааст.

Ноҳияи Балҷувон зодаи даврони истиқлол буда, соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар ин муддати начандон тўлонии таърихӣ мардуми сарбаланди Балҷувон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки аз саъю талошҳои пайвастаи онҳо барои татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.

Бахшида ба истиқболи бистумин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боз як чойхонаи нав дар ин мавзеи зебои Ватан рамзи ободиву меҳмондўстӣ ва хайру баракат дар ин макон мебошад. Навбати якуми иншооти мазкур, ки аз чойхонаву ошхона иборат мебошад, аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бунёд ёфта, дар ояндаи наздик сохтмони боз як меҳмонхонаи хуштарҳу замонавӣ барои меҳмонони дуру наздик ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа барои сокинони маҳаллӣ даҳҳо ҷойи нави корӣ ташкил шуда, барои пазироӣ ва истироҳату фароғати сайёҳон шароити мусоид муҳайё мегардад.

Аз ин рў, ифтитоҳи чойхонаи навро дар ноҳия ҳамчун падидаи нек арзёбӣ намуда, ба ҳамаи онҳое, ки дар ободии Ватан ҳиссагузорӣ менамоянд, сидқан изҳори сипос менамоям.

Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои истиқлолият аз ҷониби ҳукумати мамлакат ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия як қатор барномаҳои мушаххас, аз ҷумла «Барномаи рушди ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2001-2005», “Барномаи маҷмўии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012» ва «Барномаи рушди ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2009-2011» қабул карда шуданд.

Дар асоси барномаҳои зикршуда ва ҷиҳати бунёду тараққӣ додани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия чораҳои мушаххас андешида шудаанд ва тавре ки имрўз мебинем, сокинони ватандўсти Балҷувон дар раванди татбиқи барномаҳои зикршуда ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардидаанд.

Дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби буҷети давлатӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон, маблағҳои мақсаднок ва иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои тараққиёти ноҳияи Балҷувон 77 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар давоми солҳои истиқлолият барои ташаккул ва рушди ноҳия беш аз 45 миллион сомонӣ сармоягузориҳои асосӣ ҷудо гардида, ба маблағи қариб 37 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд.

Дар ин давра муассисаҳои нави иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои нав барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, молия, андоз, идораи cуғуртаи давлатӣ, бинои прокуратура ва иншооти дигар барои сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Имрўз дар каламрави ноҳияи Балҷувон татбиқи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ давом дорад, ки ин маблағҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳтар намудани шароити интиқоли нерўи барқ, дастгирии бахши иҷтимоӣ, беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди деҳот равона карда шудаанд.

Дар даврони истиқлолият дар ноҳия рушди соҳаи саноат тавассути истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, азнавсозии истеҳсолот, ташкили корхонаҳои нави дорои технологияҳои замонавӣ таъмин гардидааст.

Айни ҳол, дар ноҳия истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли орд ва маҳсулоти он, нафту газ ва маҳсулоти нафтӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар соли 2010 беш аз 15 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин дар қиёс ба соли 2000-ум қариб 4 баробар зиёд аст.

Ҳамзамон бо ин, дар натиҷаи татбиқи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар самти бунёди нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ аз ҷониби соҳибкорон дар ноҳияи Балҷувон 8 нерўгоҳи хурди барқӣ, инчунин бо маблағгузории Ширкати «Барқи Тоҷик» нерўгоҳи хурди барқи обии «Хорма» бо иқтидори 180 киловатт-соат сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин талаботи ҳазорон нафар сокинон, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 4 мактаби ноҳияро бо қувваи барқ мунтазам таъмин менамояд.

Инчунин корҳои лоиҳакашии сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обии “Пештоваи 1” бо иқтидори 55 киловатт-соат ва “Пушти Боғ” бо иқтидори 200 киловатт-соат идома доранд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланде, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла ноҳияи Балҷувон саҳмгузорӣ намуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил менамоянд, изҳори сипос намуда, ҳамзамон онҳоро даъват менамоям, ки дар баробари фаъолияти ободкории худ дар арафаи маъракаҳои дарпешистода ба масъалаҳои дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, расонидани хайру эҳсон ба шахсони яккаву танҳо, нигоҳдории нархи молҳои ниёзи аввал дар бозорҳои мамлакат таваҷҷўҳ дошта бошанд.

Зеро ниёгони мо беҳуда аввал хайру баъд барака нагуфтаанд, яъне баракати рўзгору тиҷорат ва барори кор аз амалҳои неку иқдомоти хайри инсон вобастагии зиёд дорад.

Дар бобати таҳкими имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Балҷувон соҳаи кишоварзӣ нақши асосӣ мебозад. Дар давоми солҳои истиқлолият ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуда, дар заминаи онҳо қариб 300 адад хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродиву оилавӣ ташкил карда шудааст. Заминҳои корами ба онҳо вабасташуда 2900 гектар ё 64 фоизи заминҳои корами ноҳияро ташкил медиҳанд.

Ба хотири беҳтар намудани шароити манзилии сокинони ноҳия ва таъмини оилаҳои ҷавону эҳтиёҷманд ба хонаҳои истиқоматӣ соли 2010 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон 79 гектар замин барои сохтмони манзили истиқоматии 600 оила ҷудо карда шуд, ки дар давоми як-ду сол шароити зисти беш аз 4 ҳазор нафар сокинони ноҳия беҳтар мегардад.

Танҳо дар даҳ соли охир истеҳсоли ғалладонагӣ дар ноҳия беш аз 104 фоиз, сабзавот 14 баробар, картошка 3,6, полезӣ 52, меваҷот 6,3 ва ангур 1,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, тибқи қарори ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 дар ноҳияи Балҷувон 450 гектар боғҳои нав, аз ҷумла 18 гектар барои боғи зардолу бунёд карда шуда, имрўз масоҳати боғҳои мевадиҳанда 605 гектар зиёд шудааст.


Дар баробари ин, афзуншавии босуръати шумораи аҳолӣ ва талабот ба молҳои ниёзи аввал ҳар яки моро водор месозад, ки дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба истифодаи самараноки замин таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар ноҳияи Балҷувон барои тараққӣ додани картошкапарварӣ, боғдорӣ ва занбўриасалпарварӣ шароити бисёр мусоид ва имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Зарур аст, ки аз ин шароиту имкониятҳо оқилона истифода бурда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти хоҷагии ҷангал ва гиёҳҳои шифобахш зиёд карда шавад. Ба ҳамин роҳ ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё кардан ва ҳам даромади зиёд гирифтан мумкин аст.

Дўстони азиз!

Дар доираи ғамхориҳои ҳукумати мамлакат доир ба фароҳам сохтани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас дар ноҳияи Балҷувон аз соли 2003 инҷониб 26 бинои мактаби нав сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 2 бинои мактаби нави дигар барои 400 ҷойи нишаст идома дорад.

Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 40 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 3 толору 37 майдони варзишӣ фаъолият карда истодаанд.
Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 191 адад компютер таъмин карда шудаанд ва иҷрои барномаи компютерикунонии мактабҳои ноҳия 111 фоиз таъмин гардидааст.

Дар давоми даҳ соли охир тибқи квотаи Президенти Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 147 нафар довталабони ноҳия, аз ҷумла 102 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити моддиву маишии омўзгорон, таълиму тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани фарзандони шоистаи миллат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, итминон дорад, ки дар ин кори бисёр муҳим падару модарон, омўзгорон ва умуман аҳли ҷомеа низ рисолати инсониву шаҳрвандии худро бо дарки амиқи масъулият иҷро менамоянд.

Мо хуб медонем, ки ҳоло дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла таъмиру бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ мавҷуданд.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таҳкими базаи моддиву техникии муассисаҳои тиббии ноҳия бо дастгирии ҳукумати кишвар ва соҳибкорону саховатмандон чандин марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ сохта ва ба истифодаи сокинони ноҳия супорида шуданд.

Дар баробари рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ то имрўз доир ба эҳёву барқарорсозии иншооти фарҳангиву таърихӣ як силсила корҳо анҷом дода шудаанд. Айни замон дар ноҳия якчанд ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили Оромгоҳи Хоҷа қутбиддин, қалъаи Балҷувон, инчунин 24 ёдгориҳои дигари арзишманди таърихиву меъморӣ мавҷуд мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки таҷдиду барқарорсозӣ ва нигоҳубини ёдгориҳои таърихии ноҳия дар баробари манзараҳои нотакрори ин диёр яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳону меҳмонон хоҳад гашт.

Дар баробари рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди ноҳия муҳайё сохтани шароит барои сайёҳону меҳмонони дуру наздик ба ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Аз ин рў, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва ташкили инфраструктураи он дар ноҳия чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Бист сол пеш мардуми бошарафи Тоҷикистон баъди ҳазор соли маҳрумият аз давлатдории мустақил бори дигар соҳиби давлати соҳибистиклол гардид. Бинобар ин, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳои таърих ва мисли гавҳараки чашм ҳифз намудани он, инчунин доим дар пайи боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ будан вазифаи ҷонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланду меҳмоннавоз ва заҳматпешаи ноҳияи Балҷувон бо кору пайкори ватандўстонаи худ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои бунёдкориву созандагии Тоҷикистони азиз камари ҳимматро мустаҳкам баста, минбаъд низ ба хотири ободии Ватан саҳми сазовори хешро дареғ намедоранд.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бошукўҳу таърихии миллатамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбуб муборак гуфта, бароятон хонаи ободу сари баланд ва барору комёбиҳо орзумандам.
Хушбахту саломат бошед, ҳамдиёрони азиз!