ФАВРӢ: Ифтитоҳи маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин дар ҚайроққумПарлумон «Шаҳри бехатар»-ро ба тасвиб расондЭ. Раҳмон: “Истеҳсоли маҳсулот дар комбинати қолинбофии Қайроққум бояд ба 5-6 ...Комбинати овозадори абрешим аз нав эҳё гардидТаваҷҷуҳи IFC ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Ахбори роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Президент

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар»). - Бегоҳии рӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Рошткалъа, Шуғнон ва Ишкошим оид ба вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳру ноҳияҳои вилоят ахбор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни мардум, пешгирӣ аз амалҳои иғвогарона, таъмини амну суботи иҷтимоӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ сафарбар кардани аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.