ФАВРӢ: Зи дунёи дарунаш роз бикшоемДурнамои тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону РусияБа газу нафт наздик мешавемКони ояндадори «Пакрут» дар ВаҳдатСафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Данғара

Таъсиси курсҳои тайёрӣ

Кӯлоб, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Бо ташаббуси ҳукумат шаҳр ва шӯъбаи маориф дар шаҳри Кӯлоб барои довталабони донишкадаҳои олӣ барои дохил шудан ба Донишкадаи давлатии тиббӣ ва филиали донишкадаи Федератсияи Русия ба номи М.Ломоносов курсҳои тайёрӣ таъсис дода шуд. Дар филиали Донишкадаи тиббӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷарроҳӣ, микрохирургия, равоншиносӣ, терапевтӣ, дандонпизишкӣ мутахассис тайёр мекунанд. Хоҳишмандони омӯзиш дар филиали донишкадаи ба номи М.Ломоносов аз ихтисосҳои менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумонӣ, қарз ва молия сабақ мегиранд.