ФАВРӢ: Нақши рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи туризмҲавопаймои амрикоӣ суқут кардФоруми ҷаҳонӣ оид ба сиёсати ҷавонон дар Боку“Диёри ҳусн”-фестивали байналмилалӣ дар ДушанбеҶамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нуҳ моҳ

Пешгирии бемории сил дар Фархор

Кӯлоб, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Дар ноҳияи Фархор гирифторони бемории сил нисбат ба соли сипаригардида ба маротиб кам гардида, дар айни ҳол дар ноҳия 135 нафар бемор қайд шуда, 10 нафар дар беморхона бистарӣ мебошанд. Бино ба иттилои директори маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия Ҳазратқул Кавгов, соли 2011 бинои марказ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ аз сари нав таъмир гардида, ба маблағи 6000 сомонӣ таҷҳизоти рентгенӣ, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надошт, таъмир гардид ва ба фаъолият оғоз кард. Баҳри беҳдошти шароити беморон аз тарафи ҳукумати ноҳия ба беморхона 4400 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки он барои таъмини беморон бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ масраф гардид.