ФАВРӢ: Қатли Борис НемтсовПарлумон наздики 1000 қонуну қарор қабул кардаастТаркиши шадид дар назди қароргоҳи Президенти СомалиКӯлоб: истифодаи самараноки заминНасби таҷҳизоти муосири тиббӣ дар беморхона

Рушди боғу токпарварӣ

Суғд, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо бахши суғдии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ машварати амалии боғу токпарвариро дар ноҳияи Конибодом доир намуданд.
Дар машварат мутахассисони соҳа, хоҷагидорон ва боғу токпарварони ноҳияҳои вилоят иштирок намуда ва самтҳои асосии рушду инкишофи боғу токпарвариро мавриди назар ва омӯзиш қарор доданд.
Дар хоҷагиҳои ноҳия иштирокдорони машварат бо тарзу усулҳои ҷолиби бунёд ва парвариши боғ, кори муштараки мутахассисону олимони соҳа, бо тарзи усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасони дарахтони мева шинос ва бо табодули нуқтаву назар бобати боғдорӣ аз таҷрибаи ҳамдигар бархурдор шуданд.