ФАВРӢ: Мулоқотҳо бо роҳбарони як қатор ширкатҳои ЧинСуханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси ОромИштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором57 млн. доллари БИР барои татбиқи лоиҳаҳои ТоҷикистонБоздид аз маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушд

Варзиш дар Кӯлоб

Кӯлоб, 4 июл. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш тавваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ҳамин аст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзиширо бо мақсади такомули соҳа ва дарёфти варзишгарони ҷавону наврас ба нақша гирифтааст.

Дар ҳамин бастагӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шашка аз рӯи навъҳои классикӣ ва блитс, ки тӯли панҷ рӯз дар толори маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷараён дошт, ба анҷом расид. Мавриди қайд аст, ки мусобиқаи мазкур тӯли панҷ рӯз идома ёфта, дар он беш аз 72 – нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ширкат варзиданд, ки ҳайати ҳар як дастаро 1 – муррабӣ ва 12 – нафар варзишгар ташкил медоданд.